Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Инчунин пешравӣ дар соҳаи хизматҳои молиявӣ ва алоқа аввалан ба америкоиҳо 30% мансуб буда, 9,3 ҷопониҳо ва 6,6%-ро олмониҳо ташкил мекунанд.
Дар ду соҳаи хизматрасонии тиҷоратӣ, ки ба истифодаи донишҳои нав, пешвоиро ширкатҳои ҷопонӣ доранд, соли 1997 онҳо 34,6 ва 21,7%-и хизматҳои тиббӣ ва маорифро ба худ доштанд, ки аз америкоиҳо ду маротиба пеш гузаштанд ва ҷои сеюм бошад насиби Итолиё гаштааст.
Нишондиҳандаи паҳн гаштани технологияи насли панҷум дар иқтисоди миллӣ ин талаботи дохила ба маҳсулоти технологияи баланддошта мебошад.
ШМА аз рӯи ин нишондиҳанда аз чор давлати пешқадами дунё Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Итолиё якҷоя пеш гузаштааст. Дар ҷои дуюм технологияи баланд дар истеҳсолоти Ҷопон, инчунин Хитой дар ҷои 3-юм ва ҳатто аз рӯи баъзе соҳа, мисол соҳаи кайҳоннавардӣ дар ҷои дуюм буда, доир ба воситаҳои алоқа бошад, баъди ШМА, Ҷопон ва Олмон дар ҷои 4-ум меистад.
Пешвоии корхонаи миллӣ дар технологияи баланди истеҳсолӣ имкон медиҳанд, ки баланси савдои мамлакатро аз ҳисоби экспорти маҳсулоти худ дар дигар давлатҳо дастгирӣ намоянд.
Гуфтан мумкин аст, ки технологияи насли панҷум аллакай таъсири мусбати худро ба иқтисодиёт ва қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият расонидааст.
Аз рӯи гуфтаҳои экспертҳои ОЭСР, равандҳои перспективнии сиёсати давлатӣ дар ояндаи наздик ба ғайр аз равона кардани қувваҳо барои истифодаи дурусти захираи меҳнат ва зиёд кардани сармоягузорӣ дар ин соҳа, инчунин ҳаракатҳо оид ба ҷараёни истеҳсолӣ дохил намудани технологияи ахборӣ, телекоммуникатсионӣ, сармояи башарӣ, навоварӣ ва фаъолгардонии соҳибкорӣ мебошад.
28.3. Танзими давлатии инкишофи навоварӣ
Масоили ташаккули бозори самараноки навоварӣ дар шароити кунунӣ вобаста аз таъсири як қатор омилҳо ва имконотҳои моделии ин бозор хеле ҳам муҳим мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор