Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Беҳтар кардани паҳлӯҳои технологӣ ҳудудҳои махсуси худро доранд. Ин ҳудудҳо дар ҷараёни инкишофи технологӣ аз рӯи вақт, инчунин рафтори техникӣ аз рӯи хароҷот барои амалии он муайян карда мешаванд.
Зарур мебошад қайд намоем, ки боздеҳи сармоягузорӣ аз якчанд омилҳо, аз он ҷумла аз қудрати техникии навоварӣ вобаста аст. Ташкилотҳое, ки фарқияти технологиро мегузаранд, бартарияти калони рақобатиро мегиранд.
Ҷараёни амалигардонии навоварӣ ин маънои паҳн кардани он системаҳои иқтисодиро доранд. Дар навбати аввал чунин тақсимот ва паҳншавӣ дар байни миқдори ками корхонаҳо ва баъдан аксари онҳоро дар бар мегирад. Чунин як ҷараёнро диффузия меноманд.
Диффузияи навоварӣ ин ҷараёни паҳн кардани навоварӣ дар иқтисодиёт мебошанд.
Чунин як ҷараён дорои хусусияти аз байн баровардани технологияи кӯҳна ва ҷорӣ намудани технологияи нав мебошад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад зарур мебошад, ки системаи ташкилии иқтисодиро ҳамчун як зерсистемаи комплексии якҷояи уфуқӣ, иқтисодӣ, мотиватсионӣ ва пайдарпайии иқтисодӣ омӯзем.
Зерсистемаи уфуқӣ. Барои фаҳмиши мақоми стратегияи навоварӣ дар стратегияи умумии иҷтимоию иқтисодӣ зерсистемаи алоҳидаро ҷудо менамоем. Ин доираи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии фаъолият мебошад. Дар навбати худ ин доираҳо ба соҳа ва зерсоҳаҳо ҷудо мешаванд. Ҷараёнҳое, ки дар ҳар яке аз ин доира ва соҳаҳо пайдо мешаванд, бо худ хислати истифодабарии воситаҳо ва предметҳои меҳнатро доранд. Хоҳ нохоҳ даврае мешаванд, ки унсурҳо кӯҳна шуда навкуниро талаб мекунанд. Инкишофи ояндаи соҳа ба он вобаста мебошанд, ки оё унсурҳои нав дохил карда мешаванд ё не? Суръати навигарӣ ба ҳаҷм ва амалӣ гардонидани навоварие, ки нишонагирӣ ба ҳамаи омилҳои технологӣ, корманди натиҷавӣ дорад, равона шудааст. Навигарӣ дар асоси фаъолияти навоварӣ пайдо мегардад. Дар соҳаҳои гуногун ин ҷараёнро доираи навоварӣ меноманд.
Доираи навоварӣ доираи ягонаи системаи ташкилӣ набуда, он сохторҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии иқтисодиро дар бар мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор