Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Тиҷоратикунонӣ истифодаи амалии навигарӣ, бо равона кардани он барои ба бозор баромаданро меноманд.

Ихтирокорӣ ин қарори нави техникиро меноманд.

Навигарӣ ва ихтирокорӣ ҳамон вақт навоварӣ мебошанд, онҳо амалӣ гардонида шаванд.

Бо ақидаи аксари тадқиқотчиён гурӯҳбандии зерини давраҳои амалигардонии навоварӣ ҷудо карда мешавад:

  1. Давраи ихтироз - давраи тадқиқоти навоварӣ.

  2. Давраи эҷодӣ - давраи байни ихтироз ва навигарӣ.

  3. Давраи амалигардонӣ - давраи байни тадқиқот ва коркарди доираҳои калон.

  4. Давраи силсилаи технологии навоварӣ дар соҳаи муайян.

  5. Давраи корчалонӣ - истифодаи васеи навоварӣ дар соҳибкорӣ.

Таҳлили моҳияти навоварӣ ва усулҳои гуногуни омӯзиши он имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои зерини онро муайян намоем.

соҳаи таклифот - илмию техникӣ, ташкилию иқтисодӣ ва нутимою
моддӣ;

хислати қонеъгардонии талабот - ташкили талаботҳои нав ва инкишофи
талаботҳои мавҷуда;

предмети таклифот - маҳсулоти навоварӣ, ҷараёни навоварӣ, хизмати
, навоварӣ, бозори навоварӣ;

дараҷаи радикалӣ - базисӣ, системавӣ, афзоянда, навоВАРИИ тақаллубӣ;

дараҷаи тағйирот - тағйироти миқдорӣ, тағйироти одатҳо, муодилҳои
шаклҳои нав, зоти нав ва ғайра;

сабаби пайдоиш - стратегӣ ва одатӣ;

хислати таъсир - ба имконоти бозори технологии ташкилотҳо меъморӣ,
инқилобӣ, доимӣ;

мавзеи паҳншавӣ - дар як соҳа истифодабаранда ва дар якчанд соҳа
истифодабаранда;

мақомашон дар истеҳсолот - асосӣ ва иловагӣ;

хислати алоқа бо донишҳои назарӣ - дохилшаванда ва дохилнашаванда.

пешина
аз 512
навбатӣ