Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аксари масъалаҳои бо ҳам алоқаманд ва мураккаби партовҳо усули системавии идоракуниро талаб мекунанд.

Идоракунии партовҳо - қисми таркибии системаи умумии идоракунии корхонаҳо мебошад. Сохтор, масъулиятнокӣ ва усулҳои идоракунӣ бо дигар фаъолиятҳо, яъне фаъолияти истеҳсолӣ, иқтисодӣ ва ҳимояи саломатии коргарон бояд мувофиқат намоянд. Системаи идоракунӣ худ алоҳида вуҷуд дошта наметавонад, бинобар он вай дар ҳайати системаи идоракунии экологӣ амал мекунад.

Вобаста аз ин давраҳои зерини инкишофи системаи идоракунии партовҳо дар нимаи дуюми асри XX ҷудо мекунанд:

  1. Ҷойгиркунии партовҳо дар партовҷойҳои хурд то солҳои 70-уми асри XX.

  2. Сохтмони майдонҳои махсуси партовҷойҳо бо системаи тозакунии об ва утилизатсияи биогаз дар охири солҳои 70-уми асри XX.

  3. Солҳои 80-уми асри XX инкишофи ҷудо кардани партовҳо, инкишофи бозори ашёи дубора коркардашаванда.

  4. Солҳои 90-ум, коркарди партовҳо ва контейнери нави партовҳо.

  5. Схемаи замонавии ҷудо кардани партовҳо ва истифодаи дубораи онҳо барои коркард ва сӯзонидани партовҳо.

Дар замони ҳозира идоракунии партовҳо дар асоси қонунҳои махсус, дастурамалҳо, меъёрҳо ва қарорҳои алоҳида ба танзим дароварда мешаванд.

Сохтори имрӯзаи системаи ҳуқуқи экологӣ танзими ҳуқуқии истифодабарии сарватҳои табиӣ мувофиқи талаботҳои функционалӣ ва бехатарии экологӣ ташкил карда шудааст.

Истифодаи усулҳои комплексии гуногуни коркарди партовҳое, ки ба соҳаҳо ва минтақаҳо нишонгирӣ доранд, системаи идоракунии партовҳоро ташкил мекунанд. Ин система бояд дар шакли идоракунии пайдарпай ташкил карда шавад ва бартарият ба усулҳое дода шавад, ки ба камшавии партовҳои истеҳсолӣ ва имкони коркарди дуюмбораи онҳо равона карда шудаанд.

Идоракунии пайдарпай аз камшавии партовҳо дар «сарчашмаҳо» сурат гирифта, камшавии партовҳо бо роҳи истеҳсолкунандаро ба тарафи фаъолияте, ки дар истеҳсол ва ҷобаҷокунии маҳсулот партовҳои камро ҳосил мекунад.

пешина
аз 512
навбатӣ