Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Ташкилот талаботҳои қонунҳои муҳофизати табиатро хеле осон қабул менамояд.
- Бонкҳо корхонаҳоеро, ки бо системаи экологии менеҷмент кор мекунанд, маблағгузорӣ мекунанд.
- Аксари корхонаҳо мехоҳанд бо корхонаҳое кор кунанд, ки менеҷменти экологӣ доранд.
- Обрӯю эътибори корхона дар назди аҳолӣ, ҷамъият баланд мешавад.
- Корхонаҳо имконоти иловагӣ пайдо мекунанд, ки онҳоро дар мавқеи байналхалқӣ шиносанд.
- Истифодаи имконоти иловагӣ барои пешгирии ҳодисаҳои экологӣ.
- Имтиёзҳои гуногуни давлатӣ, байналхалқӣ, бозори фондӣ ва гумрукии корхонаҳое, ки менеҷменти экологӣ доранд.
- Литсензиягирӣ, ё сертификатсияи имтиёзноки корхона.
- Ставкаҳои пасти суғуртавии корхонаҳое, ки суғуртаи ихтиёрии экологӣ доранд.
27.3. Системаи идоракунии партовҳо ва назорати экологӣ
Дар ҳар як корхона ҳар рӯз миқдори зиёди партовҳои истеҳсолӣ, газетаҳои кӯҳна, партовҳои хӯрокӣ, партовҳои қуттиҳо ва ғайра ҷамъ мешаванд.
Аз рӯи анъана мо онро ба партовҷой партофта, қонуни гирдгардиши табиатро вайрон мекунем.
Асосан партовҳоро ба се гурӯҳи калон ҷудо мекунанд:
- Партовҳои сахти маишӣ (ПСМ).
- Партовҳои корхонаҳои мунисипалӣ (ПМ).
- Партовҳои саноатӣ (ПС).
Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замонҳои қадим одамон партовҳоро ба чоҳҳои калон партофта, баъд аз пур шудан болояшро ба хок мепӯшониданд. Дар баробари пайдоиши шаҳрҳо ва корхонаҳои калони саноатӣ масоили партовҳо ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷамъиятӣ табдил меёбад.
Вобаста аз таркиби физикавӣ партовҳо ба партовҳои сахт, мулоим ва газӣ ҷудо карда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор