Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданмешавад. Дар натиҷа дар аксари ташкилотҳо системаи пайдарпаии мантиқии назорат ташкил карда шудааст, ки аз унсурҳои зайл иборат мебошад:
- шароите, ки ташкил ва гузаронидани назоратро талаб мекунад;
- концепсияи назоратие, ки қабул карда мешавад;
- қоидаҳое, ки дар ҷараёни назорат истифода карда мешаванд;
- ахборе, ки барои гузаронидани назорат зарур мебошад.
- Шарти назорат
- Қабули концепсияи назорат
- Қоидаҳои асосие, ки дар вақти назорат истифода карда мешаванд
- Системаи робитаи мутақобил
Расми 9. Алоқамандии мантиқии унсурҳои системаи назорат
1.1. Шароити назорат аз қисмҳои зерин иборат мебошад:
- хусусиятҳои соҳаи бизнес, ки корхона дар он фаъолият дорад;
- зерсистемаи корхона, ки назорат гузаронида мешавад;
- вариантҳои тақсимоти назорат вобаста аз нишонаҳои мавҷудаи гурӯҳбандӣ.
Хусусиятҳои соҳаи бизнесро алоҳида ҷудо кардан зарурат надорад, чунки дар кадом ташкилоте, ки набошад вобаста ба соҳа миссия ва субъекти идоракунӣ аниқ маълум мебошад.
Аммо зерсистемаҳои корхонаҳо албатта аз якдигар фарқияти калон доранд. Ба онҳо дохил мешаванд:
- Зерсистемаҳои мақсаднок дар шакли омилҳои дохила ва беруна, ки аз қисмҳои иҷтимоӣ, тадқиқотию илмӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, иқтисодию молиявӣ, молию бозорӣ ва дигарон иборат ҳастанд.
- Зерсистемаи ташкилии функционалӣ дар шакли функсияи менеҷерон, фаъолияти функционалин технологӣ, сохтори ташкили корхона.
- Зерсистемаи ахбории идоракунӣ дар шакли унсури системаи идоракунӣ. Сохторҳои идоракунӣ, массивҳои ахборӣ ва базаи маълумотҳо.
- Зерсистемаҳои хизматрасон ва ёридиҳандаи гуногун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё