Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, фаъолияти кории менеҷерон ҳар як маротиба аз «банақшагирӣ» сар шуда, дар «назорат» ба анҷом мерасад. Пешниҳоди модели тарзи функцияҳои менеҷерон дар шакли банизом имкон медиҳад, ки таҳлили равандҳо осон гарданд.

Дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ, ташкил ва сохтани корпоратсияҳои трансмиллӣ (ҳоло қариб 50% истеҳсолоти саноатӣ дар ҷаҳон), ки дар асоси интегратсияи баҳамории ҷараёни менеҷмент амал мекунанд, ба манфиати кор аст. Дар шароити имрӯза менеҷменти аврупоӣ хеле ҳам тезҳаракат, фаъол ва инкишофёфта мебошад.

Илова бар ин дар айни замон дар мамлакатҳои Аврупо ҷараёни ҳамаҷонибаи инкишофи менеҷмент амал карда истодааст.

Таҷрибаи кории менеҷерони аксарияти иттиҳодияҳои калони ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки самаранокии кори ҳар як ташкилот ба ҳайати коргарон вобаста мебошанд. Бинобар ин, менеҷерони зинаҳои гуногуни тартиботи дараҷаҳои мансабу мартаба, ташкилии роҳбарӣ диққатро ба рӯҳияи иҷтимоӣ дода истодаанд. Вобаста ба ин инкишофи функцияҳои менеҷер низ аз рӯи равияҳои зерин сурат мегирад:

муносибат ба ҳаёт ва ба воситаи ҳаёт баланд бардоштани
фаъолгардонии онҳо дар ҷараёни истеҳсолот;

глобализатсия ва универсализатсияи функцияи менеҷмент новобаста ба мактабҳои менеҷерон ва вобаста аз соҳаи бизнес, хусусияти ширкатҳо, ҳайати корхона ва ғайра.

17.4. Функцияи назоратии менеҷер

Назорат — функцияи менеҷер оид ба баҳо додани раванди фаъолияти муайяни корӣ, гирифтани натиҷа, барои батанзимдарории пайдарпай ва мақсаднокии иҷроиши корҳо барои ба даст овардани мақсади асосии корхона мебошад.

Назорат — ин функцияи менеҷер мебошад, ки дар системаи идоракунӣ
нақши муътадилгардониро мебозад. Бинобар ин, аксари маврид назорат вобаста
аз воҳиди вақте, ки тамоми ҳаёти корхонаро дар бар мегирад, гузаронида

пешина
аз 512
навбатӣ