Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
пайдарпайи одамонро дар бар мегирад ва барои гирифтани натиҷаи охирон ва миёна зарур ва кифоя мебошад. Моҳияти калонро дар ин ҳолат технологияи ҷараёни меҳнатӣ, яъне таъминоти ҳуҷҷатии коргарон, оиди супоришҳо ва дастурамалҳо, барои иҷрои сифати кор, ё функцияҳо бо хароҷотҳои минималӣ таъмин мекунад. Имконоти калони технологикунонии равандҳои корӣ дар асоси компютерикунонии тамоми фаъолияти корӣ ба вуҷуд меоянд.
Раванди иҷтимоӣ - ин ҷараёни пайдоиш, инкишоф ва иваз шудани ҳолатҳое, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ, сохтор ва муҳити иҷтимоиро дар ҷамъият тағйир дода, барои мустаҳкам намудани адолати иҷтимоӣ бехатарии иҷтимоӣ ва осоищу амонӣ равона карда шудаанд.
Ҷараёнҳои иҷтимоӣ дар асоси омилҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, инкишофи ҷамъият амалӣ мегарданд. Дар доираи системаи иҷтимоию меҳнатӣ, инчунин ҷараёни хизматрасонии иҷтимоӣ ба одамон ҳамчун истеъмолкунанда ва ҳамчун коргар расонида мешавад.
Ҳангоми ташаккулёбии технологияи иҷтимоию маишӣ, хизматрасонӣ барои истеъмолкунанда бояд бо алоқамандии баръакси он ба инобат гирифта шаванд.
Технологияи хизматрасонии иҷтимоӣ ба коргарон ба системаи ахбории корхона такя мекунад. Ҳангоми мавҷуд набудани инфраструктураи худии иҷтимоӣ, маишӣ дар корхона дар асоси шартномаи меҳнатӣ, яъне хизматҳо ба коргарон аз ҳисоби хароҷотҳои корхона рӯйпӯш карда мешаванд, ки талаботҳои онҳо дар дигар муассисаҳо бо воситаи пардохти муайян қонеъ гардонанд.
Шаклҳои технологияи хизматрасонии иҷтимоӣ дар ташкилотҳо вобаста аз ҷараёнҳои меҳнатӣ ва хусусияти соҳаҳои истеҳсолӣ гуногун мебошанд. Балоиҳагирии технологияи иҷтимоӣ ҳамчун воситан идоракунӣ хеле вазифаи мураккаб мебошад, чунки барои ин бояд алоқамандии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар назар дошта бошем. Барои ба ин мақсад расидан бояд навоварӣ дар соҳаи эҷодкории иҷтимоию технологӣ инкишоф ёбад.
Роҳҳои инкишофи эҷодкории иҷтимоию технологӣ. Эҷодкориро ҳамчун шакли меҳнати алоҳида ва коллективӣ, ки бо навоварӣ, усулҳо ва натиҷаҳои худ фарқкунанда мебошад, муайян кардан мумкин аст. Навоварӣ чун меъёри эҷодкорӣ асос мешавад, ки мо онро ҳамчун фаъолияти меҳнатии зеҳнӣ хислати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор