Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шакли соҳавӣ бошад, ин ташкили сохтори махсуси иҷтимоӣ дар дохили корхонаҳои калон, ташкилотҳо барои хизматрасонии коргарони худашон ва оилаҳои онҳо мебошад.

Азбаски сохтори иҷтимоии ҳудудӣ дар аксар маврид наметавонад ба аҳолӣ маҳсулот ва хизматҳои зарурии иҷтимоиро расонад, дар асоси маблағҳои буҷавӣ, солҳои охир хизматҳои иҷтимоии пулакӣ пайдо гаштааст. Яъне мактаб-литсейҳо, гимназия, коллеҷҳо, институтҳо ва дигар ташкилотҳое, ки талаботи мардумро қонеъ менамоянд.

Соҳтори соҳавии (идоравӣ) истеҳсолот ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар шароити сохтори нақшавии иқтисодиёт ба аҳолӣ хизматҳои зиёди иҷтимоиро пешниҳод намуда, корхонаҳои калон хоҷагиҳои ёрирасони худро дошта, истироҳатгоҳҳо ва ҳатто табобатхонаҳои худ боғча, комплексуҳои варзишӣ, хонаи маданият доштанд, ки ба коргарони худ ва оилаҳои онҳо хизматҳои бепул мерасониданд.

Дар баробари гузаштан ба сохтори иқтисоди бозорӣ ин шаклҳои хизматрасонии иҷтимоӣ акнун шакли хоҷагиҳо, ё худ корхонаҳои мустақилли тиҷоратиро гирифтаанд. Сарпарастони онҳо на корхонаҳои калон, балки метавонанд корхонаҳои идоракунии мунисипалӣ бошанд. Чунин як қарор имкон медиҳанд, ки муассисаҳои иҷтимоиро даромаднок намуда, онҳоро ба ҳамаи аҳолӣ бе вайрон кардани ҳуқуқи башарӣ пешниҳод намоем.

Бо сабаби хароҷоти баланди объектҳои иҷтимоию маданӣ ва хоҷагиҳои коммуналию манзилӣ, дар аксар мавридҳо ин объектҳо аз баланси корхонаҳо ба баланси ҳокимияти маҳаллӣ дода мешаванд, ё худ хусусӣ гардонида шудаанд.

Объектҳои моҳияти иҷтимоӣ дошта бояд талаботи тамоми аҳолиро бо ин, ё он маҳсулоти иҷтимоӣ ва хизматҳо таъмин карда тавонад. Барои амалӣ гардонидани барномаи иҷтимоии давлатӣ захираҳои зиёде зарур мебошанд, ки ин вазифаи асосии иқтисодӣ буда, ҳамчун қисми асосии татбиқи чунин барномаи давлатиро таъмин мекунад.

Мафҳуми системаи «технология» аслан ба бахши истеҳсолоти моддӣ рост меомад, аммо солҳои охир ин мафҳум дар фаъолияти ахборӣ, навоварӣ, идоракунӣ, соҳибкорӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ низ истифода карда мешавад. Предмети таъминоти технологӣ ин ҷараёни меҳнатие мебошад, ки фаъолияти

пешина
аз 512
навбатӣ