Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳолати иқтисодии мамлакат умуман ва дар ҳар як соҳа ва минтақаи алоҳида;

зарурияти дастгирии фурӯшандагии активҳо.

Намудҳои зерини стратегияҳои идоракунии портфелӣ вуҷуд доранд:

стратегияи маблағҳои доимӣ;

стратегияи хароҷоти миёна;

стратегияи таносуби тағйирёбанда.

Идоракунии портфели қоғазҳои қимматнок, банақшагирӣ ва танзими таркиби он бо мақсади нигоҳдорӣ, ё зиёд кардани сармояи корхона, паст кардани таваккали молиявӣ, васеъ кардани ҳаҷми фаъолияти корхона, пахш кардани рақибон ва молтаъминкунандагон бо роҳи хариди аксияҳо мебошад.

Объекти асосии он инвеститсияи қоғазҳои қимматнок, эмиссияи қоғазҳои қимматноки худӣ, фаъолияти маркетингӣ бо қоғазҳои қимматнок аст.

Ҳангоми идоракунии инвеститсионӣ ду вазифаи якдигарро инкоркунанда пайдо мегарданд:

  1. Таъмини даромади ҳадди баланд.
  2. Таъмини пурраи бехатарӣ.

Мувофиқи тадқиқоти аксари мутахассисон чунин вазифа фақат дар молиягузории қоғазҳои қимматноки давлатӣ, облигатсияҳо ва ӯҳдадориҳои хазинавӣ боваринок буда, иҷрошаванда мебошанд.

Менеҷменти молиявӣ дар фаъолияти худ аксар маврид ба функцияи маркетингии корхона рӯ ба рӯ мешавад. Аз дигар тараф қарори хирадмандонаи арзишноки нишонагирӣ дар бозор, ҳаракатҳои самараноки тезонидани суръати гардиши мол, назорати амали гардонӣ ва танзими сиёсати маркетингӣ, омилҳои асосии муваффақиятҳои молиявии ташкилот мебошанд.

Барои қабули қарорҳои арзишнок ва дигар қарорҳои молиявӣ пеш аз ҳама ахбор оиди талаботу таклифоти бозор зарур мебошад. Ба самаранокии ин ахбор бовар карда, ба муодилҳои гуногун муқоиса намуда, имконоти иловагии таклифотро дида баромадан мумкин мебошанд, ки ҳаҷми фурӯшро зиёд карда, хароҷотҳои иловагӣ барои маркетинг ҷудо карда шаванд. Воситаи асосии омӯзиши маркетингӣ ин қаҳҳатан талабот ва таклифоти мол мебошанд.

пешина
аз 512
навбатӣ