Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳар яке ин функцияҳо системаи мукаммале мебошанд, ки мо дар мавзӯъҳои алоҳида онро пурра меомӯзем. Қайд кардан зарур мебошад, ки усулҳои тартиб додани функцияҳои менеҷер дар мактабҳои асосии Амрико, Аврупо ва Ҷопон гуногун мебошад.

17.3. Таркиби функцияи асосии менеҷерон аз нигоҳи мактабҳои гуногуни менеҷмент

Таркиби функцияҳои менеҷеронро аз нигоҳи се мактаби классикӣ: амрикоӣ, аврупоӣ ва ҷопонӣ дидан мувофиқи мақсад аст:

Дар навбати аввал мактаби амрикоӣ, ки функцияҳои зерини менеҷерон ва унсурҳои он дида мешаванд (Нигаред ба расми 3).

БанақшагирӣТашкилӣҶараёни алоқамандӣТаъмини самаранокии фаъолияти ташкилот
МиссияТартиби истифодабарииҚабули қарор коммуникатсияИдоракунии захираҳои меҳнатӣ
Мақсадҳоҳукумат,моделҳо, тарҳҳоистеҳсолот
Ояндабинӣҳалли моҷарова усули қабули қарортаъмини системаи операсионӣ

Расми 3. Функцияҳои асосии менеҷерони мактаби амрикоӣ.

Пеш аз он, ки мо унсурҳои ҷадвали 3-ро аз назар гузаронем, мазмуни функцияи банақшагириро мувофиқи ҷадвали «доираи мантиқии Эрвика» мебинем.

1. Қоида Тадқиқот Тамоми давраҳои тадқиқоти илмӣ дар асоси омилҳо амалӣ мегардад2. Раванд Ояндабинӣ Тадқиқот дар ҷараёни якуояи ояндабинӣ3. Натиҷа Банақшагирӣ ва натиҷа Қисми нақша
пешина
аз 512
навбатӣ