Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар натиҷаи таҳлили тақсимоти «вақти корӣ»-и менеҷерон муайян гардидааст, ки самаранокии кори менеҷерон танҳо дар сурати фаъолияти кории худро баробар тақсим намудан таъмин карда мешавад.
Расми 2. Тақсимоти «рӯзи корӣ»-и менеҷерон вобаста аз гурӯҳи корҳо.
Таҷрибаи то ин замон касбкардаи менеҷменти аксари ташкилотҳо нишон медиҳад, ки қисми зиёди менеҷерон (80%) мақсади рӯзи кории худро тибқи сохтори дар расм нишон додашуда ташкил менамоянд. Аммо дар ҳақиқат вобаста аз хусусияти фаъолият ва функционалии ташкилот, инчунин дараҷаи малакаи дониши менеҷерон мақсаднок мебуд, агар мо дар тамоми иерархияи дараҷаи менеҷерон диққатро ба ду чиз равона созем:
- Иштироки фаъол дар тайёр кардани барномаи фаъолияти менеҷерон.
- Иштироки фаъол дар иҷрои барномаи қабулшуда ва мақсадҳои дар пеш гузошта.
Ҳамин тариқ, ба сифати ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои асосии ҳамаи зинаҳои фаъолияти менеҷерон дуруст мебуд, ки ба он функцияҳои зерин дохил карда шавад:
❖ ташкили кор;
❖ роҳбарии оқилона;
❖ назорат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё