Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан
  1. Нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои аввалан бухгалтерӣ.

  2. Нишондиҳандаҳои китоби асосӣ ва дигар регистрҳо.

  3. Нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои бухгалтерӣ, молиявӣ.

  4. Нишондиҳандаҳои нақшавӣ, меъёрӣ ва дигар нишондиҳандаҳо.

  5. Нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои идоракунӣ.

  6. Нишондиҳандаҳои регистрҳои андоз.

  7. Нишондиҳандаҳои ҳисоботи андоз.

Ташкили баҳисобгирии идоракунӣ гуфта, системаи шароитҳо ва унсурҳои сохтани ҷараёни баҳисобгириро меноманд, ки бо мақсади гирифтани ахбори дуруст ва саривақтӣ доир ба фаъолияти хоҷагидории ташкилот, ташкили назорат оиди истифодабарии захираҳои истеҳсолӣ ва идоракунии фаъолияти истеҳсолӣ ташкил карда мешаванд.

Вобаста аз ҳаҷми корҳои баҳисобгирӣ онҳо мешаванд:

❖ шӯъбаи алоҳидаи баҳисобгирии идоракунӣ, ҳамчун сохтори идоравии
корхона, ки бевосита ба роҳбари аввал итоат мекунад;

❖ дар шӯъбаи бухгалтерӣ як коргари баҳисобгирии идоракунӣ ташкил
намудан;

❖ бухгалтер - таҳлилгарро омӯзонидан.

Барои таъмини дурусти ташкили баҳисобгирии идоракунӣ мақоми асосиро коркарди нақшаи ташкилӣ мебозад.

Нақшаи ташкили баҳисобгирии идоракунӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:

  1. Нақшаи ҳуҷҷатгузорӣ - номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар корхона тартиб дода мешаванд ва зарур мебошанд. Дар ин ҳолат ташкилот метавонад, ки шакли қолабии варақаҳои бухгалтерӣ истифода намоянд, агар вуҷуд надошта бошад, он гоҳ худашон мустақилона тартиб медиҳанд. Варақаҳое, ки бо миқдори зиёд зарур мебошанд, дар матбааҳо чоп карда мешаванд.

  2. Ташкили ҷадвали гардиши ҳуҷҷатҳо. Гардиши ҳуҷҷат гуфта, роҳеро меноманд, ки ҳар як ҳуҷҷат аз аввал то охир мегузарад. Дар ин ҷо гурӯҳи кормандони вазифадор аниқ карда мешаванд, ки ҳуҷҷатҳоро имзо мегузоранд.
    Гурӯҳбандии ҳуҷҷатҳо, мӯҳлати иҷроиш, тартиботи бақайдгирӣ ва гардиши он дар корхона нишон дода шудааст.

пешина
аз 512
навбатӣ