Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан
  1. Масъулият барои дурустии ахбор Тасдиқшуда Муайян нашудааст
  2. Имкони истифодабарӣ Барои истифодабаранда имкон доранд Сирри тиҷоратӣ
  3. Органи танзимдарор Вазорати молия Вазорати иқтисод ва тиҷорат

Расми 1. Муқоисаи баҳисобгирии молиявӣ ва идоракунӣ.

Дар баробари фарқиятҳо баҳисобгирии молиявӣ ва идоракунӣ умумият низ доранд:

  1. Қисми зиёди нишондиҳандаҳои баҳисобгирии аввала дар баҳисобгирии молиявӣ ва идоракунӣ истифода мешаванд.

  2. Баҳисобгирии хароҷотҳо ва ҷамъбасти арзиши аслии маҳсулот чӣ дар баҳисобгирии молиявӣ ва чӣ дар баҳисобгирии идоракунӣ гузаронида мешавад.

  3. Дар баҳисобгирии молиявӣ арзиши аслии тамоми намуди маҳсулотҳо, аз рӯи ҳар як намуд, алоҳида муайян карда мешавад. Дар баҳисобгирии идоракунӣ бошад, нишондиҳандаҳои алоҳидаи арзиши аслии маҳсулот (алоҳида истеҳсолӣ, техникӣ, минтақаҳои фурӯш ва ғайра) ба назар гирифта мешавад.

  4. Усулҳо ва шаклҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ (ҳуҷҷатгузорӣ, шумори амвол, баҳодиҳӣ ва ҷамъбастӣ, счетҳо ва дутарафанависӣ, тавозуни бухгалтерӣ ва ҳисоботҳо) ҳам дар баҳисобгирии молиявӣ ва ҳам дар баҳисобгирии идоракунӣ дида мешавад.

Муқоисаи баҳисобгирии молиявӣ, идоракунӣ ва андоз дар расми 2 оварда мешавад.

1 2 3 Баҳисобгирии молиявӣ
4 1 2 5 Баҳисобгирии идоракунӣ
1 6 7 Баҳисобгирии андоз

Расми 2. Қисмҳои таркибии баҳисобгирии молиявӣ, идоракунӣ ва андоз.

пешина
аз 512
навбатӣ