Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Зимни сухангӯӣ дар сари миз аз гуфтори баландпарвоз нисбати дӯстии халқҳо, сулҳу амонӣ ва дигар нукоти сиёсӣ дар канор будан беҳтар аст. Нӯшбод ё суханро аз саломатии шахсони даъватшуда, соҳиби хона, ё меҳмондор шурӯъ кардан хубтар ва ба мақсад мувофиқ мебошад. Менеҷерони хориҷиро ҳеҷ гоҳ то мастшавӣ шароб нӯшонед, зеро ин амал миёни онҳо қобили қабул нест.

Дар вақти гуфтугӯ аз ҳама беҳтар он аст, ки аз рӯи унвонашон ном бигиреду муаррифӣ намоед. Мисол, ҷаноби доктор, ё ҷаноби вазир ва ғайра.

Дар саросари мамлакатҳои ҷаҳон миёни менеҷерон саривақт ба вохӯрӣ омадан қабул гардида, онро ҳамчун нишони хуб мепазиранд. Қафо мондан ба вохӯрӣ то 15 дақиқа мумкин аст, лекин аз ин зиёд дермонӣ беҳурматӣ нисбати шахси ба вохӯрӣ даъватшуда ҳисоб меёбад. Ба вохӯрӣ аз вақти муқарраршуда хеле барвақт ҳозир шудан низ аз рӯи одоб нест. Эҳтимол дар ин маврид шахсе, ки шуморо даъват карда буд, ба ҳалли масъалаи дигар банд бошад ва барои ҳурмати шумо аз баҳри иҷрои он кор мебарояд ё нақшаашро тағйир медиҳад. Дар вақти вохӯрӣ беҳтар он аст, ки якбора ба хонаи он шахс нараведу дар дафтари корӣ, ё дигар ҷои вохӯрӣ таъин намоед.

Дар ҳақиқат, боз як қатор хусусиятҳои миллӣ низ ҳастанд, ки аз онҳо даст кашидан ба манфиати кор нест.

Маълум, ки рафтори ҷамъиятии миллатҳо гуногунранг аст. Мисол, олмониҳои ғарбӣ мехоҳанд, ки боигарии худро нишон диҳанд: мошина, хона, бӯстонсаро ё ки рухсатии худро дар ҷойҳои маълуму машҳур гузаронанд.

Дар Австрия низ ҳамин хел аст. Лекин дар Швейтсария бошад, ҳатто сарварони ширкатҳо, фабрикаҳои калон саҳар дар трамвай ба кор мераванд. Дар гуфтор бошад, масалан, австриягиҳо «не» гуфта наметавонанд, бинобар барои иҷрои коре, ки ба онҳо маъқул нест, чунин ҷавоб медиҳанд. «Ҳа, аммо...».

Чунин қоида маъмул шудааст, ки баъд аз вохӯрӣ меҳмонҳоро ба хӯроки нисфирӯзӣ, ё шом даъват мекунанд. Ба хона танҳо хориҷиҳо даъват мешаванд, ки аллакай шиносанд. Барои ин ба хотири нишони эҳтиром сар соҳибхоназан гул, ё ягон тӯҳфаи хурд гирифтан хуб аст. Инчунин иҷозат дода мешавад, ки дастони соҳибхоназанро бӯсед, яъне оҳиста ва нарм ба лабатон расонед. Рӯзи дигар баъд аз гузаштани шабнишинӣ ба воситаи телефон, ё ба таври хаттӣ ба

пешина
аз 512
навбатӣ