Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мақсадмувофиқ нест. Барои онҳо касби камол дар ҷодаи дониш, илму адаб, беш аз ҳама арзишманд аст. Чунончи Ҳофизи Шерозӣ қайд мекунад:
Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ,
Ҳар киро нест адаб лоиқи сӯҳбат набувад.

Дар шароити ҳозира ба кордонҳо аз рӯи чор қоидаю рафтори зерин баҳо медиҳанд:

  1. Рафтори ҳамида доштан.
  2. Оддӣ будан.
  3. Соҳибэҳтиром будан.
  4. Тарбияи хуб доштан.

Ба ақидаи мо, агар менеҷер чунин хислатҳоро дошта бошад, он гоҳ ӯ имкони пайдо кардани обрӯ ва пешрафти кории худро дар корхона дорад.

Чанд мулоҳизаҳо оид ба намуди зоҳирии шахси кордон-роҳбар:

Менеҷер аз намуди зоҳирӣ низ бояд фарқкунанда бошад. Мо чунин маслиҳат дода, назари хешро баён менамоем ва гуфтани нестем, ки ин нуқтаҳоро ҳатман чун қонуният қабул намоем.

Дар вақти кор барои ҳар роҳбар лозим аст, ки костюми на он қадар равшанранг, куртаи сафед, осмонранг зардчатоби борикхат пӯшад. Галстук ҳатман аз рӯи ҳолати кори шумо — ба кадом вохӯрӣ ё маҷлис меравед, дар идора мешинед — интихоб шавад, инчунин бо костюм ва курта мувофиқат кунад.

Дар вазъияти вохӯрии корӣ вобаста ба мавсиму фасли сол, шароити мавҷуда, куртаи беостин пӯшидан низ ҷоиз аст. Пойафзоли сиёҳ қариб бо ҳама намуди костюм ва курта дуруст меояд. Ҷуроб бояд ранги тира дошта бошад.

Умуман, дар миёни мардуми кордон пойафзолу либос бояд доимо тоза ва дарзмолшуда бошад.

Дар мамлакатҳои хориҷӣ ордену медал ва нишонҳоро танҳо дар рӯзҳои махсус пеши бар овезон мекунанд. Аз ин рӯ, дар вақти вохӯрӣ нишону орден овезон кардан шарт нест. Ҳангоми вохӯрӣ, ё гуфтушунид пеш аз он, ки костюмро кашед, аз занҳое, ки дар атроф ҳастанд, албатта иҷозат пурсед.

Дар вақти хӯрокхӯрӣ ва зиёфати меҳмонон нӯшодани машруботи спиртӣ шарти зарурӣ ба шумор намеравад. Инро ба хоҳиши меҳмонон вогузоштан айни мудао аст.

пешина
аз 512
навбатӣ