Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ташкили ҳуҷҷатҳои меъёрию техникие, ки мувофиқи он сертификатсия гузаронида мешавад.

  2. Коркарди ҳуҷҷат оиди тартибот ва гузаштани сертификатсия.

  3. Тафтиши пешакии истеҳсолот ва гузаронидани сертификатсия.

  4. Додани сертификати ҳуқуқии истифодабарии нишонаи мувофиқ.

  5. Тақризи ташкилотҳои байналхалқӣ ва хориҷӣ оид ба сертификатсияи маҳсулот.

  6. Назорати доимии сифати маҳсулот сертификатсиякардашуда.
    Асоси сертификатсия стандартҳо мебошанд, ки онҳо чунинанд:

  7. Стандартҳои давлатии (ГОСТ), ки талаботҳои умумӣ доранд.

  8. Стандартҳои соҳавӣ.

  9. Стандартҳои корхона.

  10. Стандартҳои ташкилотҳои илмию техникӣ.

24.3. Моҳият, вазифаҳо ва ташкили баҳисобгирии
идоракунӣ

Баҳисобгирии идоракунӣ ҳамчун зерсистемаи мустаҳками баҳисобгирии бухгалтерӣ дар ШМА, ба таври расмӣ соли 1972 шинохта шудааст.
Ассотсиатсияи америкоии бухгалтерҳо, барномаи тайёр кардани мутахассисони бахши баҳисобгирии идоракуниро бо ихтисоси бухгалтери таҳлилгар кор карда баромадааст. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ин зерсистема дар мамлакатҳои Аврупо, Ҷопон, Канада ва дигар давлатҳо паҳн гардид. Дар мамлакатҳои тараққӣкардаи саноатӣ барои ҷорӣ кардан ва бурдани баҳисобгирии идоракунӣ то 90% вақти кории бурдани баҳисобгирии бухгалтерӣ сарф мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои меъёрии собиқ давлатҳои Шӯравӣ ва дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ин мафҳум вуҷуд надорад. Дар Россия бошад, омӯзиши фанни баҳисобгирии идоракунӣ дар барномаи тайёр кардан ва аттестатсияи бухгалтерҳои касбӣ дида мешавад.

Дар таҷриба бошад, аллакай дар аксари иттиҳодияҳои калони байналхалқӣ ин фаъолият бурда мешавад.

пешина
аз 512
навбатӣ