Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар соли 2000-ум стандартҳои нави ИСО ҷорӣ карда шудааст, ки ба қоидаҳои зерин асос карда шудаанд:
- нишонагирӣ ба истеъмолкунанда;
- баланд бардоштани роли роҳбар дар таъмини сифат;
- ҷалб намудани коргарон барои сифати баланд ва идоракунии он;
- нигоҳ доштани муносибатҳои дутарафаман мувофиқ бо молтаъминкунандагон.
Ҷои муҳимро дар системаи замонавии идоракунии сифат масъалаи сертификатсия мегирад. Сертификатсия роҳи муайян кардани тасдиқи воқеии маҳсулот, ҷараёнҳо ва хизматҳо бо стандартҳои махсус мебошад, ки кафолати хаттӣ медиҳанд.
Сертификатсия яке аз шакли умумиқабулшудаи идоракунии сифат ва ҳамзамон воситаи муборизаи рақобат дар бозори дохила мебошад.
Мафҳуми сертификатсия аввалин маротиба дар Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид соли 1974 ва дар ҳуҷҷатҳои СММ доир ба стандартикунонӣ соли 1982 дохил карда шудааст.
Сертификатсия ҳатмӣ ва ихтиёрӣ мебошад. Сертификатсияи ҳатмӣ яке аз воситаи таъмин намудани бехатарии маҳсулотҳои асосӣ мебошанд.
Сертификатсия аз тарафи ташкилоте гузаронида мешавад, ки ба молтаъминкунандагон ва истеъмолкунандагон вобастагӣ надорад ва ҳуҷҷати сертификат ба сифати моли мушаххас, ё гурӯҳҳои молҳо ва технология медиҳад, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошад ва мувофиқи он нишонаи мувофиқа гузошта, яъне тамғаи махсус гузошта баҳои онро нишон медиҳад.
Шаклҳои зерини сертификатсия вуҷуд дорад:
- сертификатсияи бехатарӣ;
- сертификатсияи сифати моли алоҳида;
- сертификатсияи сифати гурӯҳи молҳо;
- сертификатсияи сифати технология;
- сертификатсияи корхона, ҷои корӣ ва ғайра.
Ташкилоте, ки сертификатсия мегузаронад, худ шароитҳои онро муайян карда, ҳуҷҷатро ба қайд гирифта, ба расмият медарорад.
Кор оиди тайёрӣ ва гузаронидани сертификатсия чунинанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо