Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои ба мақсадҳо расидан менеҷерон бояд қувваи худро ба кори ҳайат зиёд намоянд. Дар он ҳолат ҳайат якҷоя ба менеҷер қобилиятҳои худро инкишоф медиҳанд.

Расми 10. Силсилаи анъанавии кор бо ҳайат.

Функсияҳои асосии менеҷери кормандӣ доир ба идоракунии ҳайат.
Шакли «анъанавии силкӣ» вуҷуд дорад, ки дар шароити имрӯза зарур мебошад (расми 10).

Мактаби ҷопонии менеҷмент исбот намуд, ки дар кори менеҷерон доимо ҳаракати инкишофи ба даст овардани дараҷаи баланди касбии коргарон мавҷуд аст (расми 11). Маълум аст, ки тарбияи ин сифатҳо ва омӯзиши системавӣ, хароҷотҳои молиявӣ ва вақтро талаб мекунад. Бинобар ин, ташкилот на фақат аз ҷиҳати «рӯҳӣ» ба ин тайёр бошанд, балки ба таври моддӣ низ пурра таъмин намояд.

Мактаби ҷопонии менеҷмент исботи зарурат ва мақсаднокии маблағгузориро дар одамон исбот намуда, системаи доимии тайёр намудани мутахассисони касбиро, ки ҳафтае 6-8 соат аз он ҷумла аз ҳисоби вақти корӣ 3-4 соат ва аз ҳисоби берун аз кор низ ҳамон миқдор дарс мехонанд, лекин ба маблағи 5$ дар як моҳ боз маоши иловагӣ мегиранд ба роҳ мондааст.

пешина
аз 512
навбатӣ