Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Дар менеҷменти аврупоӣ Роҳанд Каларӣ қайд мекунад, ки омили маданӣ бояд баланд бошад. Дар модели американ бошад, ин омил дида намешавад.

22.4. Омилҳои асосии функцияҳои нави менеҷерон оид ба идоракунии захираҳои башарӣ

Баланд шудани мақоми одамро дар самаранокии кори ташкилот дар замони ҳозира аксари олимон тарафдорӣ мекунанд. Ин ҷараён махсус дар модели олимон Гошел ва Уилямс нишон дода шудааст (Нигаред ба расми 9).

Расми 9. Инккишофи захираҳои башарӣ ва самаранокии фаъолияти ташкилот.

Исбот карда шудааст, ки дараҷаи мувофиқат намудани ҳайат аз қобилият, тайёрӣ ва хоҳиши ҳар як коргар, гурӯҳ ва мақсади коллектив вобаста мебошад. Барои ин зарур мебошад, ки сохтори гурӯҳро барои ба мақсад расидан иваз намоем.

пешина
аз 512
навбатӣ