Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Ҳиссаи коргарон аз рӯи хислати иҷроиши корҳо (асосӣ, ёрӣдиҳанда, истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолӣ, маъмурӣ).
-
Нишондиҳандаҳои иҷтимоию демографии фаъолияти корхона, ҳайати коргарон аз рӯи ҷинс, собиқаи корӣ, синну сол ва маълумот.
-
Дараҷаи баландбардории тахассуси захираҳои башарӣ дар асоси ҳисобҳои дараҷаи миёнаи малакаи дониши коргар.
Нишондиҳандаҳои истифодабарии захираҳои башарӣ:
-
Нишондиҳандаҳои ҳосилинокии меҳнат.
-
Ҳаҷми фоида ба як коргар.
-
Нишондиҳандаҳои маҳсулоти истеҳсолшуда ба як соати хароҷоти меҳнат, бо ченаки пулӣ ва табиӣ.
-
Нишондиҳандаҳои хароҷоти меҳнат (соат) ба истеҳсоли як воҳиди маҳсулот. Ин нишондиҳандаҳо бештар ба корхонае мувофиқ меояд, ки маҳсулоти якхела мебарорад ё фаъолияти хизматрасонӣ дорад.
-
Камшавии коргарон, ин нишондиҳандаи миқдорӣ коргани аз кор рафта нисбати коргани миёнасоли корхона.
-
Нишондиҳандаи истифодаи фонди вақти корӣ, дар мавриди вақти кории сарфшуда нисбати вақти кории тақвимӣ.
-
Нишондиҳандаи зарари маҳсулот бо сабаби истифода набурдани вақти корӣ. Истеҳсоли маҳсулот дар як воҳиди вақт ба миқдори вақти корие, ки истифода нашудааст.
-
Коэффисиенти фаъолнокии ҳаракати мутахассисон дар дохили корхона, яъне миқдори коргароне, ки корашонро дар давоми сол иваз намудаанд ба миқдори коргарони дар вазифаҳо кор мекунанд, ҳисоб карда мешавад.
-
Хароҷоти умумии ташкилот нисбати ба қувваи корӣ ва давраҳо, аз қисмҳои зерин иборат аст:
❖ музди меҳнати асосӣ (аз он ҷумла маошҳои вазифавӣ ва андозаҳои маълуман муқарраршудаи маош); ❖ музди меҳнати тағйирёбанда (музди коргарони корбайъ, ҳамкор, яклухт); ❖ ҳама намуди мукофотпулиҳо; ❖ иловапулиҳо ба музди меҳнат;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё