Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вақти корӣ ҷудо карда мешавад. Барои худомодашавӣ 10 соат дар як ҳафта, 40-80 соат дар як сол ҷудо карда мешавад.

Яке аз усулҳои нави идоракунии инкишофи захираҳои башарӣ ин касбикунонии идоракунӣ мебошад. Дар шароити имрӯза зиддиятҳои нав, байни васеъшавӣ ва мураккабшавии вазифаҳои идоракунӣ дар доираи меҳнат ва имкони воқеии системаи кормандии корхонаҳо ва соҳибкасбии пасти онҳо ба вуҷуд омадааст. Дар байни роҳбарони сохторҳои таркибии кормандӣ 41% дорои маълумоти техникӣ, 32% - педагогӣ, 11,5% ҳуқуқӣ, 3,3% сиёсатшиносӣ, рӯҳшиносӣ ва иқтисодӣ доранд. Зарур мебошад, ки тамоми системаи кормандони идоракуниро тағйир диҳем. Дар соҳаи идоракунии захираҳои башарӣ тағйиротро бояд аз маълумоти миёна ва касбӣ сар карда, то ба камол расонидани менеҷерони касбиро дар дараҷаи ташкилотҳо идома диҳем.

Касбикунонии идоракунии захираҳои башарӣ аз рӯи се омили асосӣ муайян карда мешавад:

  1. Тайёрии касбӣ.
  2. Арзандагӣ ва мотиватсияи фаъолияти касбӣ.
  3. Муҳити ташкилии амалӣ гардонидани соҳибкасбӣ.

22.3. Баҳои самаранокии захираҳои башарӣ дар ташкилот

Самаранокии инкишофи ташкилотҳо дар шароити имрӯза, на танҳо аз рӯи миқдори захираҳои башарӣ, балки дар асоси баҳои аниқ, ташаккули он ва истифодаи он, барои ба мақсад расидан, яъне муносибати захираҳо ва натиҷаи идоракунӣ вобаста аст. Нисбат ба нишондиҳандаҳои истифодабарии дигар намудҳои захираҳои истеҳсолӣ, ченакҳои захираҳои башарӣ дар асоси нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ баҳо дода мешаванд.

Нишондиҳандаҳои асосии истифодабарии захираҳои башарӣ инҳо мебошанд:

Нишондиҳандаҳои ташаккулёбии захираҳои башарӣ:

  1. Нишондиҳандаи миқдори коргарон - ҳайати коргарон: доимӣ, ҳамкор ва муваққатӣ.
пешина
аз 512
навбатӣ