Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Арзиши реклама. Рекламаи телевизионӣ нисбат ба газета қиммат мебошад.
-
Дараҷа ва доираи истифодабарӣ. Хубаш дар интернет, буклет, телефон, варақаҳои алоҳида.
Дуруст ҷобаҷогузории реклама ва идоракунии фаъолияти рекламавии корхона аз рӯи самаранокии он муайян карда мешавад.
Самаранокии реклама аз рӯи то кадом андоза дар фаҳмиши харидор қабул шудани мол, қаноатмандӣ ва хоҳиши харидорӣ пайдо кардани он муайян мегардад.
Ҳавасмандкунии фурӯши мол, яке аз унсурҳои асосии барномаи маркетинг ба ҳисоб рафта, воситае мебошад, ки дар як вақти кӯтоҳ ҷараёни фурӯши маҳсулотро тезонида, ҳаҷми фурӯшро зиёд менамояд. Ба тез паҳн шудани ҳавасмандкунии фурӯши мол омилҳои дохила ва беруна таъсир мерасонанд.
Роҳҳои гуногуни ҳавасмандкунии фурӯш истифода карда мешавад:
- Ба ҳар 10 дона хариди мол як дона бепул дода мешавад.
- Агар аз 5 дона мол зиёдатӣ харидорӣ намояд, ягон намуди моли дигар илова дода мешавад.
- Агар як миқдори муайян харидорӣ кунад, соҳиби саҳмияи корхона мегардад ва ғайра.
- Агар аз 10 дона зиёд харидорӣ намоед 3% гузашт, 20 дона бо нархи арзон, 6% имтиёз ва ғайра.
- Ҳар гуна мукофот, лотереяҳо, кафолатҳо, роҳхат ва ғайра.
Дар тамоми давраи фаъолияти маркетингӣ менеджмент алоқа бо ҷамъият мақоми хоса дорад, ки бо роҳҳои гузаронидани чорабиниҳо эълонҳо, мақолаҳо, баромадҳо иштирок дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ амалӣ мегарданд. Тамоми вазифаҳои маркетингии корхона, ки номбар шуданд, ба уҳдаи шӯъбаи маркетингии корхона ва умуман вазифаи муҳими менеджменти корхона мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё