Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муроҷат
❖ коркарди муроҷиати
реклама;
❖ баҳо ва интихоби
он;
❖ ташкили муроҷиат;
❖ баҳисобгирии нишон
диҳандаҳои ҷавобгарии иҷтимоӣ.

Пул
Чунин вазъиятро
ба инобат бояд
гирифт:
❖ сикли ҳаёти
мол;
❖ ҳиссаи иттиҳодия дар гардиши бозор;
❖ базаи истеъмолкунандагони рақибон;
❖ зарурияти даврагии реклама;
❖ якдигаривазкунӣ.

Мақсад
• мақсади
фурӯш;
• мақсади
реклама.

Воситаҳои ахбори умум
❖ доира, тағйир;
❖ шаклҳои асосии
ВАУ;
❖ тақсимоти реклама
аз рӯи вақт;
❖ ҷойгир кардани
реклама аз рӯи
раванди географӣ.

Баҳо
• самараи
коммуникатсионӣ;
• таъсири
реклама
ба фурӯши мол.

Расми 16. Панҷ қоидаи реклама.

Мисол, агар иттиҳодия, дар бозор пешво набошад ва моли ӯро ҳанӯз ҷамъият нашинохта бошад, якбора рекламаи он, ки моли ӯ “аз ҳама сифати баланд дорад” бемазмун буда, самара намедиҳад.

Вобаста аз мазмуни реклама интихоби воситаи реклама мақоми бузург дорад. Асосан интихоби ВАУ аз рӯи унсурҳои зерин гузаронида мешавад:

  1. Бартарият ба аудиторияи мақсаднок. Мисол радио ва телевизион, воситаи асосӣ барои наврасон мебошад.
  2. Моҳияти мол. Молҳои занонаро дар журналҳои рангаи баланд чоп кардан зарур, фотоаппаратро ба воситаи телевизор.
  3. Мазмуни муроҷиат. Мисол, реклама оид ба фурӯши мавсимӣро хубаш дар радио, телевизор ва газетаҳои ҳаррӯза. Реклама оид ба нарх, тавсифоти миқдорӣ, сифатии мол дар журналҳо ва варақҳо беҳтар аст.
пешина
аз 512
навбатӣ