Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гузаронидани санҷиш дар шароитҳои бозорӣ;
ҷорӣ кардани истеҳсолоти тиҷоратӣ.
Дар аввали ҳазорсолаи нав барои ташкилотҳое, ки дар «Интернет» кор мекунанд, фаъолияти тезутунди корӣ ва рақобат вуҷуд дорад. Барои он ки мавқеи худро нигоҳ доранд, онҳо якбора давраи коркард ва амалигардонии моли навро якуҷо мекунанд.

Стратегияи коркарди моли нав пурра аз он иборат аст, ки корхона чӣ хел омӯзиши унсурҳои бозорро мегузаронад, истеъмолкунандагони мақсаднокро меёбад, талаботи бозорро пурра аниқ менамояд.

Яке аз унсури дигари стратегияи маркетинг, ин кор карда баромадани таклифҳои глобалии бозор мебошад.

Дар 30-соли охир, дар 14 мамлакати ҷаҳонӣ миқдори корпорацияҳои байналхалқӣ се маротиба (аз 7 ҳазор то 24 ҳазор) зиёд шудааст, онҳо зиёда аз 33% ҳаҷми солонаи фурӯши молро зери назорати худ доранд.

Компанияҳои глобалӣ имрӯз фаъолиятшонро мехоҳанд, дар тамоми ҷаҳон зиёд намоянд ва корхонаҳоишонро тарзе месозанд, ки қисм ба қисм дар ҳама давлатҳо бошанд.

Мисол кабинаи мошини боркаши Ford дар Аврупо тайёр мешавад, таҳҷояш дар Америки Шимолӣ ва дар Бразилия маҷмӯъ карда шуда, ба ШМА фурӯхта мешавад. Ин гуна мисолҳо хеле бисёр мебошанд.

Як қатор омилҳое мебошанд, ки ташкилотро ба бозори байналхалқӣ мебарад:

  1. Бозори дохилии ташкилот аз ҳисоби моли арзони хориҷӣ танг шудааст. Бинобар ин корхона бояд ба дигар давлат мол барорад.
  2. Баъзе бозорҳои хориҷӣ фоидаи калонро имкон медиҳанд.
  3. Барои зиёд кардани ҳаҷми иқтисодиёти корхонаҳо.
  4. Бо мақсади кам кардани таваккали корхона.
  5. Мизоҷони хориҷӣ боз хоҳишҳои нави ба корхона мувофиқро пешниҳод менамоянд.

Менеҷменти корхона ҳар як манфиатҳои дар боло номбаршударо омӯхта, қарори маркетингӣ қабул мекунад.

пешина
аз 512
навбатӣ