Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Баъд аз он, ки корхона сегментасияи пурраи бозорро мегузаронад, гурӯҳи муайяни истеъмолкунандаи мақсаднокро аниқ менамояд, консепсияи мавқеиро муайян месозад, аллакай вай барои коркарди маҳсулоти нав тайёр мебошад. Мақоми асосиро дар коркарди моли нав маркетинголуҳҳо бозида, ақидаҳои нав ва танзимкунандаи намояндагони шӯъбаҳо пешниҳод намуда, якҷоя бо шӯъбаи ҷиҳоз ва КИТ пешниҳод менамоянд.
Барои он, ки ҳар як ташкилот фоиданокии худро таъмин намояд бояд, ки молҳои кӯҳна ба моли нав иваз карда шавад, яъне бо коркарди он бояд, ки сар кунанд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна дар ШМА дар бозори молҳои барои хона зиёда аз 16 ҳазор навоварӣ ва моли нав пайдо мешавад.
Ташкилотҳо бо ду роҳ соҳиби моли нав мегарданд:
- Ба даст овардани ҳуқуқ барои тайёр кардани мол.
- Кор карда баромадан бо қувваи худӣ.
Таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо 10% молҳо навҷӯёна буда, ба навоварии ҷаҳонӣ мутобиқат дорад.
Идоракунии ҷараёни ақоиди нав давраҳои зеринро ба худ мегирад:
- давраи гирдоварии ақидаҳо;
- интихоби лоиҳаҳо;
- ташкил ва тафтиши консепсияи мол;
- ташаккули стратегияи нави маркетинг;
- таҳлили имконоти истеҳсолот ва фурӯш;
- коркарди моли нав;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё