Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мо қаноатманд нестем» ва ё шиори дигар «Мо 100% кафолати қаноатмандии шуморо медиҳем».

Табиати натиҷаи баланди бизнес дар худ чор омили асосиро дар бар мегирад:

  1. Гурӯҳҳои манфиатдор.
  2. Равандҳои корӣ.
  3. Захираҳо.
  4. Ташкилот.

Кор карда баромадани
стратегияи қаноатмандии
гурӯҳҳои асосии қаноатманд

Роҳҳои беҳтар кардани
ҷараёнҳои асосии бизнес

Муттаҳид кардани захираҳо
ва ташкилотҳо

Расми 5. Омилҳои асосии бизнеси самаранок.

Менеҷерони замонавӣ вазифаи беҳтар кардани сифати маҳсулот ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасониро яке аз равандҳои асосӣ меҳисобанд. Аксари компанияҳои ҷопонӣ фақат дар асоси сифати баланд ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд. Аксари истеъмолкунандагон доимо хоҳиши қаноатмандии баланд, сифати баланди молро доранд. Бинобар ин, агар корхона хоҳад, ки дараҷаи баланди фоидаро соҳиб гардад, ягона роҳ ин системаи баланди идоракунии сифат мебошад.

Усули системавии идоракунии баландбардории сифати маҳсулот, ин усули бетанафуси баландбардории сифати тамоми равандҳои фаъолияти корхона аст ва менеҷероне, ки дар идоракунии системавии бетанафуси сифат иштирок мекунанд, бояд дар навбати аввал сифати маркетингро бо роҳи омӯзиши функцияҳои маркетинг таъмин намоянд:

пешина
аз 512
навбатӣ