Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

агар аз пешбинӣ беш гузарад, он гоҳ харидор мутлақо қаноатманд шуда, яке аз мизоҷони доимии шумо мегардад.

Расми 4. Омилҳои муайянкунандаи арзишҳое, ки истеъмолкунанда дарк мекунад.

Барои пурра таъмин кардани истеъмолкунанда корхонаҳо ҳаракат карда, меомӯзанд, ки боз чӣ кор кардан лозим, ки теъдоди мизоҷон ҳарчӣ зиёд гардад. Ин пеш аз ҳама бо роҳи додани кафолатҳои 1-5-10 сола, ё худ баъди 3-5 сол иваз кардани қисмҳои алоҳида ва ғайра мебошад, ё ин ки дар рекламаҳо ҷой додани ин масъала. Мисол дар рекламаи ширкати «Cigna» омадааст, ки «Мо ором намешавем, то вақте ки шумо пурра қаноатманд нашавед», ё ширкати Honda менависад, ки «Яке аз сабабҳои қаноатмандии харидорони мо он аст, ки

пешина
аз 512
навбатӣ