Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мисол, А. Борсич якумин маротиба ақидаи «мастер»-ро дар идоракунии корҳои фабрика пешниҳод намуд. Ҷорӣ намудани вазифаи мастер дар саноат чунон самараноқ буда, ки аввал дар Олмон баъдан дар тамоми ҷаҳон қабул шудаанд. Дар соҳаи тиҷорат бошад ақидаи мағоза аз тарафи Вулворс (ШМА) пешниҳод шуд, ки молҳоро бо нархи пасти ба харидорон мувофиқ ва камхарҷ дастрас мекунад. Педагоги чех Ян Амос Каменский аввалин китоби дарсии умумии мактаббачаҳоро навишт. Дар миёнаи асри XVII — якумин китоби алифбои забони лотинӣ пайдо гашт. Баъди пайдо шудани китоби алифбо технологияи дарсгузарӣ куллиан тағйир ёфт. Агар пештар як муаллим 1-2 талабаро дарс медод, баъди ин ихтироъ як муаллим 30-35 талабаро дарс медиҳад. Ин имкон дод, ки Я. Каменский системаи маълумоти мактабиро ҷорӣ намоянд.

Мисолҳои боло шоҳиди он мебошад, ки иҷрои функцияҳои соҳибкорӣ фақат дар соҳаи истеҳсолоти тиҷорат не, балки дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ғайра истифода кардан мумкин аст.

Шарт нест, ки ҳамаи ақидаҳои навро соҳибкор пешниҳод намоянд. Фақат функцияи соҳибкор дар он аст, ки аз тадқиқотҳои мавҷудбуда, усулҳо ва навовариҳо интихоби оне, ки барои ба мақсад расидан кӯмак расонида, фоиданокии корхонаро таъмин менамоянд. Умуман гӯем, агар соҳибкор чизи навро ба навоварӣ табдил медиҳад. Чуноне ки Д. Карнегӣ менависад: вай ягон чизи навро дар технологияи истеҳсолӣ наофаридааст, балки аз ҳисоби кордонии худ, ақидаҳои навро ёфта гирифта инкишоф дода, онро дар технологияи самараноқ ҷорӣ намудааст. Мисол Рэй Крок, ақидаи Макдоналд соҳиби ресторани хурдро оид ба тезонидани суръати хизматрасонӣ истифода карда, имрӯзҳо қариб дар тамоми ҷаҳон хатти қаҳвахонаҳои худро ҷорӣ намудааст, ки ширкати калони “Макдоналдс” ном гирифтааст. Чунин мисолҳо хеле бисёр мебошанд. Асоси корхонаҳоеро, ки фаъолияти самаранокии соҳибкорӣ доранд, ин интихоби дурусти ақидаи навоварӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, функцияи F2 — генерацияи ақида ва ташкили чизи навро соҳибкор ба дигар кас медиҳад.

пешина
аз 512
навбатӣ