Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ташкилро дар навбати худ хусусияти комбинатсияи захираҳои гуногун муайян мекунад. Дар давраи аввал, барои баҳои имкониятҳо дар соҳаи муайян ба бизнес машғул шудан лозим аст. Минбаъд татбиқ кардани комбинатсияҳои нав моҳиятан кори асосии соҳибкор мешавад. Онҳо амалиётҳои зеринро дар бар мегиранд:
тайёр кардани неъмати нав, ё ба вуҷуд овардани сифати нави ин, ё он
неъмат;
ҷорӣ кардани усули нав дар истеҳсолот;
ба даст гирифтани манбаи нави ашёи хом, ё маҳсулоти нимтайёр;
гузаронидани азнавташкилкуниҳои мувофиқу муносиб.
Маҳз ҷустуҷӯи доимии тарзҳои нави комбинатсияи захираҳо соҳибкорро аз хоҷагидории муқаррарӣ фарқ мекунанд. Ҳамин тариқ, объекти соҳибкорӣ дар ҳаёти воқеӣ ба иҷрои комбинатсияи захираҳо вобаста мебошад.
Соҳибкорӣ ҳама вақт бо тарзи муайян ташкил карда шуда, шаклҳои мушаххасро мепазирад. Моҳияти соҳибкорӣ ҳамчун методи пешбарии хоҷагӣ ва ҳамчун фаъолият дар қоидаҳои зерин зоҳир мегардад.
Якум, таъмини озодӣ дар ташкили ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти соҳибкорӣ.
Бо ибораи дигар, амалиёти инсоние, ки самту нишондиҳандаҳо аз натиҷаҳои он озодона аз ҷониби иҷрокунандаи кор бевосита муайян карда намешаванд, фаъолияти соҳибкорӣ ба шумори намеравад.
Дуюм, таъмини мустақилият ва соҳибӣ кардани натиҷаҳои кори
иҷрокардаи худ. Масалан, агар корхонаи давлатӣ дар ихтиёри вазорат бошаду аз
боло барои он нақшаи истеҳсоли маҳсулот, афзоиши ҳосилнокии меҳнат, нархи
маҳсулот, музди меҳнати коргарон муайян карда шавад, пас онро ба қатори
корхонаҳои соҳибкорӣ дохил кардан мумкин нест. Қоидаи соҳибихтиёрӣ зимни
фаъолият соҳиби пулу мол буданро тақозо мекунад. Мустақилият чунин
рафторро ташаккул медиҳад, ки соҳибкор дар қабули қарор, ки аз тарафи
меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда манъ нашудааст, озод мебошад ва ин таъсирбахшии
механизми бозорро афзун менамояд. Ҳар кас, ки хоҳиш дораду соҳиби маблағ
аст, ҳуқуқ дорад, истеҳсолоти худиро, ки ба шакли муайяни моликият такя
мекунад, ба роҳ монад. Воситаҳои истеҳсолот ва қувваи корӣ бошад, аз бозор
дастрас мешаванд. Кадом маҳсулотро чӣ хел ва чӣ қадар истеҳсол кардан, аз ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё