Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Субъектҳои соҳибкории коллективӣ намудҳои гуногуни ассотсиасияҳо ва ҷамъиятҳо шуда метавонанд, ба мисли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, коллективҳои иҷоравӣ, кооперативҳо ва ғайра. Коллективи меҳнатӣ худ аз худ субъекти соҳибкорӣ шуда наметавонад, чунки вай чун қоида барои ҳалли масъалаи муайяни истеҳсолӣ ташкил карда шудааст, на барои он ки бо тиҷорат машғул шавад.
Ба ғайр аз ин, он нуқта низ муҳим аст, ки дар ҳолати касод шудани корхона, на ҳама вақт ҷавобгарии пурраи аъзоёни коллективи меҳнатиро ба андоваи молу мулки шахсии онҳо таъмин кардан мумкин аст. Вале дар ҳолатҳои муайян коллективи меҳнатӣ низ субъекти соҳибкорӣ шуда метавонад. Барои он зарур аст, ки вай барои худ шакли нави ташкилӣ ва ҳуқуқӣ қабул кунад. Масалан, коллективи корхонаи давлатӣ баъди ба ташкилоти иҷоракорон табдил ёфтанаш, дорои сифатҳои субъекти соҳибкорӣ мегардад.
Дар ҳолатҳои ҷудогона давлат низ дар шахси органҳо, мувофиқи қоидаи умумии иқтисоди бозорӣ, ки ташкили тиҷоратро муқаррар карда, иҷрои кори онро назорат мекунад, субъекти соҳибкорӣ дониста намешавад. Зиёда аз ин дар аксарияти мамлакатҳо фаъолияти соҳибкории хизматчиён қонунан манъ карда шудааст. Вобаста аз ин шаклҳои фаъолияти соҳибкориро чунин тасвир кардан мумкин аст: соҳибкори давлатӣ, коллективӣ ва хусусӣ.
Барои баҳо додан ба имкониятҳои қудратии соҳибкорӣ ва пешгӯикунии он, муайян кардани субъектҳои ҷузъӣ ва воқеии соҳибкорӣ хеле муҳим аст. Ба субъектҳои ҷузъӣ онҳое мансубанд, ки ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд.
Дар мамлакатҳои иқтисоди бозорӣ, дорои ҳар як кас субъекти ҷузъии соҳибкорӣ шуда метавонад. Лекин, на ҳама чунин имкониятро амалӣ карда метавонанд. Субъекти воқеии соҳибкорӣ гурӯҳи одамонеанд, ки барои ин кор заминаҳои зарурӣ, пеш аз ҳама, маблағ доранд. Маҳз онҳо бахши соҳибкории иқтисодиётро ташкил ва тараққӣ медиҳанд.
Объекти соҳибкорӣ ин фаъолияти муайян аст. Натиҷаҳои соҳибкорӣ дар маҳсулоти истеҳсолшуда, инчунин дар даромади мувофиқ моддӣ кунонида мешавад. Бузургии даромад аз он вобаста аст, ки соҳибкор чӣ тавр фаъолияташро ташкил карда, маҷмӯи омилҳоро ба ҳисоб гирифтааст. Дараҷаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё