Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
кор озод карда шудаанд, корхонаҳои худро ташкил карда, дар системи соҳибкории имрӯза синфи «соҳибкорони пухтарасидаро» ташкил намудаанд.
20.3. Соҳибкорӣ ҳамчун санъати идоракунӣ
Гузариш ба иқтисоди бозорӣ боиси ба арсаи ҳаёт қадам мондани зуҳуроти нав мегардад. Соҳибкорӣ яке аз онҳост. Ин шакли хоҷагидорӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоию иқтисодӣ доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятиро фаро мегирад. Дар ин ҷо, аз ҷумла баҳшҳои ҳуқуқӣ, руҳӣ ва таърихӣ дар назар дошта мешаванд. Лекин решаҳои фаъолияти соҳибкорӣ аслан дар шароити иқтисодии фаъолияти воқеӣ ҷустан лозим меояд. Соҳибкорӣ мувофиқи табиати иқтисодии худ ягонагии диалектикии ду тараф: мазмуни умумииқтисодӣ ва шакли махсуси иҷтимоиро феҳмонад.
Хусусияти мазмуни умумииқтисодии соҳибкорӣ аз он иборат аст, ки дар он тарафҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ ифода ёфтаанд.
Соҳибкорӣ аз калимаи англисии «business» тарҷума шуда, фаъолияти ташаббускоронаю мустақилонаи шаҳрвандон ва иттиҳоди онҳо мебошад, ки ба тавлиди мол, иҷрои кор, ё хизматрасонӣ бо мақсади ба даст овардани даромад равона карда шудааст. Дар чунин ҳолат муносибатҳои солими бозорӣ лозиманд, чунки дар акси ҳол соҳибкорӣ мавриди амал қарор гирифта наметавонад.
Барои тадқиқи муносибатҳои соҳибкорӣ муқаррар кардани субъект ва объектҳои он ниҳоят муҳим аст. Субъектҳои соҳибкорӣ метавонанд иштирокчиёни гуногуни фаъолияти иқтисодӣ, пеш аз ҳама, фардҳои алоҳида бошанд. Онҳо ба сифати субъекти соҳибкорӣ барои ташкили истеҳсолоти яккаса (корхонаи оилавӣ) баромад мекунанд. Дар ин ҳолат фаъолияти чунин соҳибкор ба хароҷоти меҳнати худӣ такя мекунад ва ё истифодабарии меҳнати кирояро тақозо менамояд. Дар ҳолати охирин соҳибкор кироякор мегардад.
Фаъолияти соҳибкорӣ метавонад, инчунин аз тарафи гурӯҳи одамон, ки байни ҳамдигар бо ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ алоқаманданд, ба амал бароварда шавад. Муттаҳид кардани ҳамкорон имконият медиҳад, ки назар ба соҳибкории хусусӣ вазифаҳои миқёсан калонтар ҳал карда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё