Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Омили ғайрати соҳибкор. Ташкили корхонаи нав қувваи зиёдеро талаб мекунад. Аксари соҳибкорон шикоят мекунанд, ки муборизаҳои зиёде бурданд то ба муваффақият соҳиб гарданд. Аз тарафи дигар аз 2/1 нафари соҳибкорон дар як ҳафта то 60 соат кор мекунанд. Аксар мавридҳо қариб ки тамоми корро соҳибкор иҷро мекунад - аз менеҷер то коргари оддӣ. Чунин як ҳолат, албатта ғайрат ва қувваи зиёди физиологию ҷисмонии соҳибкорро талаб мекунад.

Талабот ба муваффақиятҳо. Ҳар як соҳибкор талабот ба муваффақиятро дар худ ҳис мекунад. Бинобар ин вай ҳаракат мекунад, ки ба муваффақият ноил гардад, роҳҳо ва ҳолатҳоеро меҷӯяд, ки ба муваффақияти калон бирасад. Аслан чунин одамон, доимо дар назди худ мақсадҳои мураккабу мушкилро пеш мегузоранд. Мақсадҳои оддӣ барои онҳо шавқовар намебошад. Ҳаваси зиёдрой боз давраҳои ба мақсад расидан меорад, ки баъди ҳар як давраи он, соҳибкор мехоҳад, ки боз болотар ва боз зиёдтар муваффақият дошта бошад.

Боварӣ ба худ. Касе, ки мехоҳад соҳибкорӣ кунад, корхонаи нав кушояд. Пеш аз ҳама бояд, ки боварии куллӣ ба худ дошта бошад. Соҳибкор бояд боварӣ дошта бошад, ки он мақсадеро, ки гузоштааст иҷро карда метавонад. Вобаста аз ин бояд фаъолият намояд.

Омили маҳдудияти вақт. Асосан соҳибкорон доимо дар кор серҳаракат буда, саросемаанд, яъне вақти онҳо маҳдуд аст ва барои иҷрои корҳояшон намемерасад. Аксар чунон кор мекунанд, ки гӯё фардо набошад. Соҳибкорон «Ҳар рӯз ҳамчун охирин рӯз меҳнат мекунанд».

Таҳаммул ба номаълумӣ. Аксари одамон ҳаракат менамоянд, ки дар шароити сохтори аниқ, супориши маълум ва ахбори пурра кор кунанд. Аммо соҳибкорон бошанд, тамоман баръакси он, ба номаълумӣ ва бесарусомонӣ диққат намедиҳанд.

Омили демографӣ. Ғайр аз хислатҳои соҳибкор инчунин сифатҳои демографӣ низ ба шахсиятҳо таъсир мерасонанд. Аксар вақтҳо дар оила кӯдакони аввал, ё авлоди соҳибкорон чунин қобилиятҳоро доранд. Аксари соҳибкорон кори худро дар синну соли 25 то 40-сола мекушоянд. Тадқиқотҳои ҳозира нишон медиҳанд, ки аз 10/8 тои соҳибкорон шахсони аз 40-сола боло мебошанд. Солҳои охир инчунин соҳибкорони «солхӯрда», ки ба нафақа баромадаанд, ё аз

пешина
аз 512
навбатӣ