Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар таҷриба аксар маврид дида мешавад, ки дастовардҳои соҳибкории хурдро корхонаҳои калон ба худ мегиранд. Мисол ширкати хурди “Lamanr” шампуни наверо барои мӯи сари хушк баровардааст ва дере нагузашта ҳамин шампун дар се истеҳсолкунандаи калони амрикоӣ пайдо мегардад.
Тамоми одамони бузурги бизнес, соҳибкорон мебошанд. Мисол бизнесменҳои номии американӣ — Генри Форд, Сэм Уэлтон, Мэри Кей Эш, Билл Гейтс, Спойк Ли, Рос Перо соҳибкор мебошанд. Соҳибкорӣ аз орзу сар мешавад. Аслан соҳибкори оянда аз кори худ норизо буда, ҳаракат мекунад, ки захираҳо ҷамъ карда, чизи нав офарад, ё худ кори навро сар кунад. Мисол Бобби Фрост 22 сол дар фабрикаи истеҳсоли оина кор карда, баъдан корхонаи шахсии ҳамранг ташкил намуд ва он технологияеро ҷорӣ намуд, ки роҳбари пешини ӯ аз он даст кашида буд. Дар натиҷа ӯ ба мақсадаш расид. Баъди 8-соли ташкили кор миқдори коргарон ба 600 нафар расида, ҳаҷми фурӯши маҳсулот ба 36 млн. $ расид.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки омили асосии соҳибкорӣ ин шахсияти соҳибкор мебошад. Барои он, ки мустақилона корхона ташкил намоем, одам бояд боварӣ дошта бошад, ки аз ӯҳдааш мебарояд. Вай метавонад, ки қобилияти худро тарзе ба нақша гирад, ки барои ба орзуяш расидан кӯмак расонад. Аз нуқтаи назари соҳибкор омилҳои муҳитрро ҳар як кас худаш бояд дарк кунад, фаҳмад ва назорат кунад.
Хати назорати берунаи соҳибкор боварии ҳар як соҳибкор ба муҳит, ки дар зери назорати вай бо назардошти қувваҳои беруна мебошад.
Расми 3. Сифатҳои хоси соҳибкор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё