Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
номида мешаванд, яъне онҳо дар ватани худ ва корхонаи худ не, балки дар дигар ҷо барои компанияҳои дигар кор мекунанд. Ҳаҷми умумии фурӯши мол аз як одам дар бозори ширкатҳо ва таҷҳизотҳои ҷои корӣ то 7,5 млрд. доллар шудааст. Тадқиқотчиён маркетолог ҳисоб мекунанд, ки дар оянда «солопрофессионалҳо меафзоянд», махсусан дар соҳаи компютер ва телекоммуникатсия. Дар ҳолате, ки компанияҳо музди меҳнатро паст карда, штатҳоро кам мекунанд, имкони соло-профессионалист меафзояд.
Ғайр аз ин ба инкишофи соҳибкорӣ омилҳои зерин таъсир мерасонанд.
Тағйирёбӣ дар иқтисодиёт. Иқтисодиёти ҳозира барои соҳибкорӣ хеле ҳам шароити қулай пайдо намудааст. Дар он доимо дигаргуниҳо пайдо мегардад, ки имкони ташкили корхонаи нав пайдо мешавад. Мисол, дар солҳои охир талабот барои хизматрасонӣ меафзояд ва 97% ширкатҷое, ки ба ин кор машгуланд корхонаҳои хурд мебошанд, ки то 100 нафар коргар доранд.
Глобализатсия ва афзоиши рақобат. Ҳатто корхонаҳои калонтарини дунё дар шароити глобализатсияи иқтисоди бозорӣ мушкилиҳои зиёдеро дар мавқеи соҳавии худ аз сар мегузаронанд. Дар чунин як шароит корхонаҳои на он қадар калон, ки тез ба шароит мувофиқ мешаванд, имкони зиёд доранд.
Технология. Суръати баланди инкишофи иқтисодӣ, технологияи компютерӣ сабаби ба миён омадани як қатор соҳаҳои нави иқтисодӣ, инчунин тарзу усули комилан нави истеҳсоли молҳо ва хизматҳо гардиданд. Чунин тағйирёбии технологӣ дар ҳама шаклҳои корхонаҳо дида мешаванд.
Шароитҳои нав ва мавқеи бозорӣ. Соҳибкорон якумин шуда тағйирёбии талаботро мефаҳманд. Ҳар як ташкилот хоҳ калон ва ё хурд, ҳатман дар бозор мавқеи худашро бояд ёбад, вагарна ӯ аз байн меравад. Барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар бозор, бояд талаботҳои истеъмолкунандагонро омӯхта, истеҳсолотро ба ӯ мувофиқ гардонад. Мисол, дар муқовабандии китобҳо солҳои дароз дар Тоҷикистон ашёи хоми бесифати якранг истифода мекарданд, ҳоло бошад, аллакай муқовабандии зебои манзарадор, ё расмдор пайдо шудааст.
Корхонаи «Диловар-ДДМТ», ки дар асоси технологияи пешқадами замонавӣ кори худро ба роҳ монда, ин корро ба ӯҳда дорад. Дар муддати 2-3 сол аллакай барои муқовабандии замонавӣ қариб аз тамоми ташкилотҳои шаҳри Душанбе ба ин корхонаи хурд муроҷиат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё