Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Навовариҳои ташкили баробари навовариҳои истеҳсолӣ моҳият дошта, ба ташкили истеҳсолӣ маҳсулоти нав ва таъсири корхонаҳо, ҷорӣ намудани технологияи нав равона карда шудаанд, ки дар маҷмӯъ бе навоварӣ фаъолияти ташкилӣ вуҷуд дошта наметавонад. Барои инкишофи соҳибкорӣ шароитҳои зарурӣ мавҷуд мебошанд, ки системаи пурраро ташкил мекунад.
Шароитҳои самараноқ амал кардани соҳибкории озод
Моликияти хусусӣ
Озодии иқтисодӣ
Рақобати бозор
Ҳавасмандии иқтисодӣ
Маҳдуд будани даҳолати давлат
Ҳуқуқи истифода
Ҳуқуқи ба дигар кас додан
Ҳуқуқи азхудкунии даромад
Навоварии озод дар бозор
Нигоҳдории озоди бозор
Ҳавасмандӣ
Ҷорикунӣ
Ҳуқуқи истеҳсоли тамоми маҳсулот
Ҳуқуқи истифодаи тамоми маҳсулот
Ҳуқуқи муайян кардани равияи инвеститсионӣ
Имкони захираро ба даст овардан
Имкони саркории ва барҳам додани кор
Расми 2. Системаи шароитҳои инкишофи соҳибкорӣ.
Ҳар яке аз бандҳои номбаршуда унсурҳои алоҳидаи худро дорад, ки дар мавзӯъҳои алоҳида мо онро пурра маънидод намудаем.
То давраҳои наздик имкони он, ки соҳибкории хурд оё метавонад дар шароити васеи иқтисоди бозорӣ амал кунад, диққати аксари олимонро ҷалб карда буд. Имрӯз аллакай исбот шудааст, ки корхонаҳои дорои соҳибкории инфиродӣ дар иқтисоди аксар мамлакатҳо мақоми хосае доранд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо дар ШМА аз се ду ҳиссаи ҷои кории навро корхонаҳои хурд барпо месозанд. Зиёда аз 50% фурӯши молҳо ва хизматҳо ба корхонаҳои хурд рост меоянд. Мисоли дигар ин, ки зиёда аз 20 млн. амрикоиҳо «Соло-профессионал»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё