Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
20.2. Шароитҳои соҳибкорӣ ва фаъолияти соҳибкор
Соҳибкорӣ дар шаклҳои соҳибкории хурд, миёна ва калон амал мекунад. Соҳибкории хурд аксар маврид дар давраи аввали соҳибкорӣ пайдо мегардад ва асосан корхонаҳо, ширкатҳои хурд ташкил карда мешаванд.
Соҳибкорӣ омили махсуси истеҳсолӣ буда, ҳангоми вуҷуд надоштани он фоида ба даст дароварда намешавад. Дар ҳаёти воқеӣ ин чиз мегузарад, чунки бе соҳибкорӣ навоварӣ дида намешавад, дар натиҷа фоида низ намешавад. Агар дигар хел гӯем, омили соҳибкории истеҳсолӣ, ин омили идоракунӣ, ё худ менеҷмент мебошад. Ба ақидаи Шумпетер «Бо он коре, ки соҳибкорон иҷро мекунанд, истеҳсолоти нав ғайриимкон мебошад, аз ин рӯ дар ин маврид ҳамчун воситаи меҳнат баромад мекунад».
Барои муайян намудани фоидаи соҳибкорӣ, аз арзиши маҳсулот ҳамаи хароҷотҳоро тарҳ мекунанд. Фарқияти фоидаи навоварӣ аз фоидаи анъанавӣ фоидаи соҳибкорӣ дониста мешавад. Дар кадом ҷое, ки соҳибкорӣ вуҷуд дорад, фоидаи соҳибкорӣ ҳатман вуҷуд дорад.
Барои ба даст овардани фоидаи соҳибкорӣ якчанд омилҳо таъсир мерасонанд.
Омилҳои ташкилию иқтисодии
ташаккули фоидаи соҳибкорӣ
Фарқ дар нарх
Навоварӣ
Самаранокшавии
меҳнат
Равандҳои
нав ва маҳсулот
Бозори нав
Сохторҳои нави
ташкилӣ
Воситаҳои
молиявии нав
Расми 1. Омилҳои ташаккули фоидаи соҳибкорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё