Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Нишонагирӣ ба навоварӣ. Дар ин равия шаклҳои зерини соҳибкорӣ дида мешаванд: ӯянда, навовар, пайрав ва консерватор. Нишонаи гурӯҳбандии соҳибкорӣ ин дараҷаи навоварии фаъолияти онҳо мебошанд. Соҳибкори ӯянда - дараҷаи олии фаъолияти навоварӣ буда, ҷустуҷӯ дар рушди илму техника ва гузаронидани ихтироотҳои КИТ сарчашмаи асосӣ мебошад.

Соҳибкори навовар ҳамеша фаъолияти навобариро ҷорӣ карда, на ҳама вақт ба муваффақият соҳиб мегардад.

Соҳибкори пайрав худро нишон медиҳад, ки гӯё навобариро ҷорӣ мекунад, аммо дар асл ба навовориҳои дигар корхонаҳо пайравӣ менамояд.

Соҳибкори консерватор, асосан навобариро бо мақсади рақобат дар бозор ҷорӣ менамояд.

Соҳибкорон вобаста аз нишонагирӣ чунин стратегия доранд:

  1. Соҳибкори ӯянда - стратегияи ҳуҷумкунанда.
  2. Соҳибкори навовар - стратегияи ботамкини пешраванда.
  3. Соҳибкори пайрав - стратегияи тақлидкунанда.
  4. Соҳибкори консерватор - стратегияи муҳофизатӣ.

Мотиватсияи пайдарпайӣ - нишонаи типологии фаъолияти пайдарпайӣ ва мантиқӣ мебошад. Дар фаъолияти худ соҳибкор мақсадҳои зеринро мавриди истифода қарор медиҳад:

  • доимият;
  • мустақилият;
  • афзоиш.
  1. Доимият - ин ҳаракати дар рақобат бардошт кардан ва кори худро ба меросхӯрон додан.
  2. Мустақилият - хоҳиши ягона соҳиби ширкат будан ва қоидаи яккасардориро ҷорӣ намудан.
  3. Афзоиш - ин хоҳиши васеъ кардани доираи бизнеси худ.

Аз рӯи ин нишондиҳандаҳо ду гурӯҳи соҳибкорон дида мешаванд:

  1. Пайдарпайӣ, ки дар боло гуфтем, риоя карда мешавад (доимият, мустақилият ва афзоиш).
  2. Баръакс (афзоиш, мустақилият ва доимият).
пешина
аз 512
навбатӣ