Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

замонҳои қадим то замони мо дида бароем, он гоҳ шаклҳои зеринро дидан мумкин аст.

  1. Соҳибкор-моликиятдор дар давраи қадим. Вай соҳиби воситаҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ мебошад, ки беҳтар ва васеъ мешаванд. Дар давраи қадим хоҷагиҳое буданд, ки меҳнати ғуломонро истифода мекарданд (Дар Юнони қадим, устохонаҳои шамшер, сипартайёркунӣ ва дигар намудҳои оҳангарию кулолгарӣ).
  2. Соҳибкори асримиёнагӣ. Дар ин давра соҳибкорӣ дар шакли феодалҳо, диндорон ва тоҷирон бо корхонаҳои кӯҳӣ ва соҳаи коркарди чӯб, осиёбҳо ва чувозхонаҳо ташаккул меёбанд.
  3. Соҳибкорони давраи мустамлакадорӣ. Бартарият дар ин давра ба соҳибкории таваккалӣ дода мешуд, бахусус савдои хориҷӣ ва пайдоиши ширкатҳои тиҷоратӣ.
  4. Соҳибкорони давраи аввали капитализм. Хислати ин давра хоҳиши беандозаи бойшавӣ, инкишофи қобилияти ташкилӣ ва техникии соҳибкорон.
  5. Соҳибкорӣ дар замони муттамарказшавӣ ва марказонидани сармоя. Дар ин давра талабот якуякбора ба меҳнати касбӣ ва зеҳнӣ меафзояд. Зарурияти соҳибкорони кироя, ё худ «ташкилотчиён»-е, ки моликият надоранд. Маҳз ҳамин давра «давраи ҷудошавии идоракунӣ аз моликият» номида мешавад.
  6. Соҳибкороне, ки фаъолияти корхонаҳои давлатиро ташкил мекунанд.
  7. Соҳибкорони муҳандис, соҳибкорони олим, ки дар давраҳои охири асри XIX ва аввали асри XX (Марконӣ, Эддисон, Форд Белл) инкишофи ин шакли соҳибкорӣ бевосита аз рушди илмию техникии ҷамъият, инкишофи техникӣ ва молиягузорӣ асос мегирад.
  8. Соҳибкори таҳлилгари фаъолияти таҳлилгари ва маслиҳатдиҳӣ дар бозори молиявӣ ва истеҳсолӣ.

Нишонагирии стратегӣ. Соҳибкори косиб ва соҳибкори стратегӣ.
Соҳибкори косиб корхонаи худро ташкил карда, таҷрибаи калон надорад, лекин фаҳмиши техникӣ дорад. Соҳибкори стратегӣ таҷрибаи калон дошта, сармоя дорад ва дастгирии молиявӣ дорад. Соҳибкори истеҳсолӣ ва соҳибкори менеҷер аввалан оид ба шароити истеҳсолот фикр карда, барои вай аз ҳама муҳим истифодаи дониши худ дар ин соҳа мебошад. Дуюм диққати асосиро ба масъалаҳои идоракунӣ медиҳад.

пешина
аз 512
навбатӣ