Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

харидан, ба ки ва бо кадом нарх фурӯхтан ва дигар масъалаҳоро соҳибкор мустақилона бо назардошти даромади иқтисодӣ ва таъйноту талаботи бозор ҳал мекунад.

Сеюм, қоидаи масъулияти кор маҳсуб мешавад, ки он ҷавобгарии моддии корхонаро дар назди харидорон зимни истеҳсол, дастрас намудани маҳсулоти безарар ва хушсифат ба муштариён дар назар дорад. Ин гуна масъулият қисми таркибии фаъолияти соҳибкории ширкатҳои хориҷиро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, қоидаи мазкур дар таъмини самаранокии фаъолияти роҳбарони корхонаҳо аҳамияти калон дорад, чунки онҳо дар назди коркунон барои натиҷаҳои қарори қабул кардаи худ масъулияти хешро пурра ҳис мекунанд. Соҳибкор шахсест, ки масъулияти иҷрои корро пурра ба дӯши худ гирифта метавонад.

Чорум, таваккалкорӣ, яъне қобилияти ба ӯҳда гирифта тавонистани коре, ки натиҷаи ниҳоиаш равшану аниқ нест, лекин иҷрои он метавонад бо манфиати корхона бошад. Соҳибкорро лозим меояд, ки аз роҳи ниҳоят мушкулу ноҳамворе гузашта, ноомадиҳои тиҷоратию молиявии бисёреро паси сар кунад. Таваккал карда тавонистан яке аз хусусиятҳои муҳими шахсии соҳибкор аст.

Панҷум, дар асоси талаботи бозор ва дархости истеъмолкунанда ташкил кардани фаъолияти аломати муҳими соҳибкорист. Истеҳсолкунанда бояд худро бо шартҳои ба бозор пешниҳодкардан истеъмолкунанда мутобиқ созад, яъне бояд қоидаи бозоргонӣ риоя шавад. Қайд кардан зарур аст, ки боваргонӣ ҳамчун тарзи амал чунин шакли ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дониста мешавад, ки барои он иҷрои шартҳои зерин хос аст:

  1. Муайян намудан ва омӯхтани талаботи бозор.
  2. Ба маҳсулоти мушаххас табдил додани донишҳо дар бораи бозор.
  3. Ташкили талабот дар асоси тағрибот.
  4. Расонидани маҳсулот аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунанда. Ба маврид аст, зикр намоем, ки танҳо дар асоси риоя ва иҷрои ин шартҳо соҳибкор бо муваффақият умед баста метавонад.

Ҳисоби тиҷоратӣ қоидаи муҳими фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор меравад. Мувофиқи ин қоида, ҳар гуна фаъолияти соҳибкорӣ бояд баъди қонеъ гардонидани талаботи муайяни бозор ҳатман даромади соф биёрад, чунки

пешина
аз 512
навбатӣ