Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
фаъолиятҳои молиявӣ, тиҷорат, истеҳсолот ва моҳидорӣ бояд дастгирӣ карда, ҳавасманд кунонида шаванд.
Давраҳои таърихии соҳибкории Россия нисбат ба дигар давлатҳо хусусиятҳои хоси худро доранд.
-
Дар Руси қадим соҳибкорӣ асосан дар шакли тиҷорат вуҷуд дошта, эҳтироми калони ҷамъиятро дошт. Тоҷирони рус дар дохил ва берун аз мамлакатҳо тоҷурӣ мекарданд. Бо мақсади шароити хуби тиҷоратӣ ташкил кардан, князҳои рус роҳпаймоии ҳарбӣ менамуданд (роҳпаймоии Византия, гирифтани Констинопол (Қрими ҳозира).
-
Дар асрҳои миёна инкишофи тоҷурӣ ба кам шудани ҷангҳои байнидавлатӣ оварда расонид, яъне ҳангоми гумруки давлатро гузоштан боҷҳо муайян шуданд ва тоҷириро намояндагони сафоратҳо ба танзим медароварданд.
-
Мавҷуд будани монополияи давлатӣ ба аксари фаъолиятҳо. Шакли ин гуна муносибатҳо гуногун буд. Мисол, моликиятдорӣ ба замин давлатӣ, вале ҳуқуқи истифодабариро бошад ба тоҷирон медоданд. Россия, ки масоҳати калонро дар бар мегирад, тоҷирони калон низ ҳуқуқи азхудкунии масоҳатҳои калонро гирифтанд. Дар Урал ва Сибир (Иван Грозний). Аллакай тоҷирон бо фармоиши давлатӣ кор карданро сар карданд. Махсусан дар давраи подшоҳии Пётри I ин шакли соҳибкорӣ хеле ривоҷ ёфта, ҳатто корхонаҳои давлатии тиҷоратӣ пайдо шуданд.
-
Соҳибкорони рус то соли 1861 дар асоси ҳуқуқи крепостной кор мекарданд. Меҳнати маҷбурӣ сар шуд.
-
Дар асри XVIII ва аввали асри XIX давлат ғайр аз соҳибкории помещикон фаъолияти соҳибкориро дастгирӣ накард.
-
Соҳибкории ҳақиқӣ баъди барҳам додани ҳуқуқи крепостной дар Россия пайдо гаштааст. Хусусияти таърихии инкишофи соҳибкорӣ ба асосҳои назариявии он низ таъсири худро расонидаанд. Асосгузори назариявии соҳибкорӣ Ричард Кантилон номида шудааст. Хизмати Кантилон дар он мебошад, ки вай соҳиби сарват ва моликияти соҳибкоронро ҷудо мекунад. Соҳибкоронро Кантилон шахсоне меномад, ки хоҳиши гирифтани фоида доранд, яъне молро бо нархи муайян харида, ҳисоб мекунад, ки дар оянда бо нархи баланд мефурӯшанд, аммо аниқ нест, ки оянда кадом нарх амал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё