Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
20.1. Мавқеи соҳибкорӣ дар инкишофи иқтисодӣ
ва менеҷмент
Масъалаи моҳият ва роли соҳибкорӣ дар инкишофи иқтисодиёт диққати олимонро чандин садсолаҳо ҷалб намудааст. Дар давраҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ фикру ақидаи одамон нисбат ба соҳибкорӣ тағйир меёбад.
Дар замони фалсафаи антиқа, вақте ки соҳибкорон дар намуди тоҷирон фаъолият доштанд, ин муносибатҳо манфӣ буд. Мисол, Афлотун ҳисоб мекард, ки тоҷирӣ ин фақат ба хориҷиён хос аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандӣ надоранд. Вай ҳисоб мекард, ки ин одамон бояд ба идоракунии давлатӣ роҳ дода нашаванд.
Арасту тоҷириро фаъолияти «чунунӣ» номидааст (Нигаред ба расми 6).
Тахминан чунин ҳолат барои аввали асрҳои миёна дуруст меояд. Фомаи Аквини ҳисоб мекард, ки ихтисоси тоҷир нишонаи нопуррагии маънавии одамон мебошад. Муносибати номатлуб ба соҳибкорӣ дар ин давра ба он вобаста буд, ки тоҷирӣ дар шакли тороҷгарӣ вуҷуд дошт, яъне одамон ба дигар давлатҳо ҳуҷум оварда, чизу чораи онҳоро тороҷ карда, баъд дар бозор бароварда мефурӯхтанд.
Дини ислом ба гирифтани фоизи қарз зид аст ва дини насронӣ низ ин амалро маҳкум мекунад. Умуман, маънавиёти католикии асримиёнагӣ соҳибкориро тамоман намепарастад.
Ислоҳоти бузург дар соҳибкорӣ бо «ақидаҳои динии протестантӣ» ба миён омада, онро дар равияи калвинизми худ даровард. Аз рӯи баҳои мутахассисони замони ҳозира чунин як тағйирот имконоти ҷаҳонбинии навро ба миён оварда, муносибатро ба меҳнат куллиан тағйир дод ва дар инкишофи соҳибкории Аврупо такони калон дод. Самараи тарбиявии динӣ ба он оварда расонид, ки шакли нави одамон соҳибкорон ба миён омадаанд, ки онҳо масъулиятҳои алоҳидаро ба худ доранд.
Ҳамин тариқ, дар Аврупо модели нави ҷамъиятӣ бо рӯбинои нави ҷамъиятию сиёсӣ ба майдон омад. Муносибат ба соҳибкорӣ тағйир ёфт.
Файласуфони бузурги замони нав Ф. Бэкон ва Т. Гоббс ҳисоб мекунанд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё