Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
мешаванд. Устодон ва мутахассисони донишгоҳ дар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ ин гуна бозиҳоро дар барномаи таълимӣ дохил мекунанд.
Мактаби дуюми Амрико Институти Слоунӣ мебошад, ки аз ҳисоби А.Слоун - корчаллон-миллиардери амрикоӣ соли 1952 ташкил карда шудааст. Он бо хусусиятҳои хосаш аз мактаби Гарвардӣ фарқ мекунад. Дар ин донишгоҳ ба назария бештар диққат дода мешавад. Институти мазкур 500 донишҷӯ қабул мекунад ва мутаносибан барномаву шароити таҳсил барои ҳамин миқдор донишҷӯ ташкил карда шудааст.
Дар институти мазкур баробари кори таълимӣ ҳар муаллим бояд кори тадқиқотию илмиро низ пеш барад.
Мӯҳлати таҳсил дар институт ду ва чорсола муқаррар шудааст. Барномаи омӯзиширо бошад, ҳар сол аз сари нав дида мебароянд ва дар пурраву мукаммал гардонидани он кордонҳои калони амрикоӣ даъват карда мешаванд. Дар вақти дида баромадани барномаи таълимӣ агар ягон фан аз барномаи таълимӣ гирифта шавад, ба ҷои он курси навро ҷой медиҳанд, ки ба талаботи истеҳсолот ва иқтисодиёти мамлакат ҷавоб дода тавонад.
Дар курсҳои ин донишкада шахсони 30-40 соларо, ки таҷрибаи хуби корӣ доранд, қабул менамоянд. Меъёри дигаре, ки дар вақти қабули шахсони роҳбарикунанда ба назар гирифта мешавад, ин пеш аз ҳама дорои саломатии хуб ва системаи асаби мустаҳкам будан аст. Дар комиссияи қабул аксари маврид довталабро бо сабаби бад будани саломатиаш қабул намекунанд, зеро меҳнати идоракунӣ мушкил аст ва аз 10 то 13 соат дар ҳар як шабонарӯз тӯл мекашад. Дар давраи мавсимӣ бошад, роҳбарон аз соати 7 саҳар то соати 12 шаб кор мекунанд. Барои тоқат кардан ба чунин меҳнати вазнин дар баробари саломатӣ, хӯроку истироҳати хуб низ зарур аст.
Шунавандагон баъд аз хатми курс ба мамлакатҳо ва шаҳрҳои гуногун сафар карда, бо роҳбарони ҳукумат, соҳибкорон ва корчаллонҳо шинос шуда, сӯҳбат мекунанд ва бо онҳо шартномаҳои ҳамкорӣ мебанданд.
Устодони ин донишкада ба тамоми шаҳрҳои ҷаҳон сафар намуда, бо тарзи идоракунии онҳо ва корхонаҳошон аз наздик шинос мешаванд барои донишгоҳи худ чизи хубу таҷрибаҳои беҳтаринро интихоб менамоянд. Ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё