Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Махсусан, дар шароити ҳозира ширкатҳои калони амрикой маблағҳои зиёдеро сарф мекунанд, ки мутахассиси хуберо пайдо карда, ба вазифаи менеҷер таъин кунанд.

Мушкили тайёр кардани чунин кормандон, пеш аз ҳама дар он аст, ки дар натиҷаи суръати баланди тараққиёти илму техника донишҳои қаблан андӯхтамуда, зуд кӯҳна шуда, ба талаботи истеҳсолот дар шароити рӯзмарра ҷавоб дода наметавонанд. Ба ин хотир, баъди ҳар 4-5 сол мутахассисон дониши назариявии худро доир ба идоракуниву соҳибкорӣ гум мекунанд ва бояд ҳатман тайёрии такрорӣ гузаранд. Ин масъалаи мушкилу печида аст. Зеро омили синну соли роҳбарон, хусусан дар пиронсолӣ аз нав омӯхтан, душвориҳои зиёдеро пеш меорад. Таъсири ин омил дар Ҷопон бисёртар ҳис карда мешавад.

Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, бояд муайян намоем, ки киро, барои чӣ ва чӣ тавр омӯзонем. Дар мамлакатҳои хориҷӣ, аз қабили Фаронса, Амрико ин соҳа, ҳамчун соҳаи алоҳида омӯхта мешавад. Масалан, дар Амрико омӯзиши кормандони идоракунӣ бо се роҳ ташкил карда шудааст:

  1. Дар дохили системаи маълумот (мактаби кордонӣ ва корчалонӣ).
  2. Бахши хусусӣ - мактабҳои хусусии тайёр кардани кормандон.
  3. Ассотсиатсияҳо доир ба идоракунӣ.

Дар ин мактабҳо тайёр кардани кормандони идоракунанда дар ду ва чор сол ба назар гирифта шудааст. Бинобар ин, дар назди ҳар яке аз ин мактабҳо курсҳои кӯтоҳмуддат амал мекунанд. Дар нақшаи таълимии курсҳои мазкур ба омӯзиши умумӣ ва навигариҳои назариявӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки моҳиятан муҳим будани худро нишон додаанд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна 3,5-4 ҳазор одам аз дараҷаи миёна ва болоии курсҳо мегузаранд.

Дар байни 8100 мактаб, ду мактаби корчалонии дорои дараҷаҳои машҳури илмӣ мебошанд, ки яке Донишгоҳи Гарвард ва дигаре мактаби Слоуни назди институти технологии Массачусетс ба ҳисоб меравад. Дохилшавӣ дар ин институтҳо бо меъёрҳои махсус, ба монанди гузаронидани имтиҳони ташаккули қобилияти зеҳнӣ ва дониши назариявии довталаб сурат мегирад.

Дар Донишгоҳи Гарвард тарзи омӯзиши қариб то 50 фоизи дарсҳо бо роҳи шакли ташкили бозиҳои гуногун доир ба ҳалли масъалаҳои идоракунӣ гузаронида мешавад. Ин шакли бозиҳо бевосита аз истеҳсолот гирифта

пешина
аз 512
навбатӣ