Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тоҷилонан тактикиро табақан поёнӣ ба ӯҳда гирифтанд. Аммо чунин сохтор низ талаботи имрӯзаи идоракуниро таъмин карда натавонист, бинобар ин дар шароити инкишофи васеи системаи барномавии ахборӣ ва глобализатсияи иқтисодӣ ҳар як ташкилот вобаста ба мавқеи худ дар бозор, инчунин вобаста аз урфу одат ва маданияти миллӣ, мавқеи географию табиӣ, сохтори идоракунии мутобиқкунонӣ шударо истифода мекунанд, ки самараноқ мебошад.

Ҳамин тариқ, маълум гашт, ки ҳар як корхонаи калони истеҳсолӣ, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳо сохтори идоракунии махсуси худро доранд, ки доимо тағйир ёфта меистад.

Махсусан барои Тоҷикистон, ки дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ қарор дорад, ҳар як роҳбаре, ки ба корхона меояд, як тағйирот, ё илова ба сохтор ва қоидаи идоравии дохил мекунад, ки аксари маврид мақсадҳои хусусӣ дошта, барои самаранокии идоракунӣ, инкишофи корхона кӯмак расонида наметавонад. Бинобар ин имрӯз зарур аст, ки базаи назариявию методологии идоракунӣ дар шароити нави иқтисодиро менеҷерон ва олимони бахши иқтисоди Тоҷикистон пешниҳод намоянд, ки самаранокии иқтисодиро таъмин карда тавонанд.

19.3. Шаклҳои ташкилотҳо ва сохтори идоракунии онҳо

Бо назардошти қонунҳои танзимкунанда, вобаста аз шакли моликият, инчунин хусусиятҳои хоси ташкилотҳо, ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ чунин тақсим карда мешаванд.

Ташкилотҳо ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ.

Ташкилоти тиҷоратӣ гуфта, ташкилотеро меноманд, ки бо сифати мақсади асосии фаъолияти худ, гирифтани фоида ва тақсимоти онро мувофиқи хоҳиш ба роҳ мемонад.

Ташкилоти ғайритиҷоратӣ мақсади асосиаш гирифтани фоида набуда, балки иҷрои мақсадҳои оинномавии корхона мебошад. Инчунин онҳо ҳақ надоранд, ки фоидаи гирифтаашонро худашон истифода кунанд.

пешина
аз 512
навбатӣ