Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Вобаста ба дараҷаи малакаи коргар се зина ҷудо карда мешавад.
Касб, ихтисос ва дараҷаи ихтисосмандӣ
Касб маълумоти умумиеро ифода мекунад, ки коргар барои иҷрои кори муайян гирифтааст, ба монанди касби муаллим, инженер, ҳуқуқшинос, табиб ва ғайра.
Ихтисос — дониши конкретнеро оид ба коре ифода мекунад, ки танҳо шахси ихтисосманд аз уҳдааш мебарояд, мисол муаллими фанни физика, биология, ё худ табиб — ҷарроҳ ва ғайра.
Ҳар коргари касб ва ихтисос дошта, корро бо дараҷаҳои гуногун иҷро менамояд. Чунин тарзи иҷрои корро дараҷаи ихтисосмандии ӯ нишон медиҳад.
Касб, ихтисос, дараҷаи ихтисосмандӣ бо ҳуҷҷати ҳуқуқии диплом, шаҳодатнома, нишонҳо ва ғайра собит мегарданд.
Талабот доир ба ин ё он вазифа дар «ҳуҷҷати квалификатсионӣ», ки аз 3 қисм иборат аст, нишон дода мешавад:
-
Уҳдадориҳои вазифавӣ.
-
Бояд донад.
-
Бояд тавонад.
Дар ҳар як корхона ғайр аз ҳуҷҷати квалификатсионӣ боз ҳуҷҷати «дастурамали вазифадорӣ» мавҷуд аст. Ин ҳуҷҷат аз якчанд қисмҳо иборат мебошад. Вобаста ба он ки кадом гурӯҳи корҳоро коргар иҷро мекунад, роҳбарияти корхона кормандонро интихоб мекунад, реҷаи корӣ ва истироҳат, ҳамчунин шароити кориро муҳайё месозад.
Барои он ки ҷараёни корӣ ташкил карда шавад, бояд шартҳои зерин иҷро карда шаванд:
-
Мавҷуд будани тартибот ва қоидаҳои ихтисос ва дараҷаи ихтисос.
-
Мавҷуд будани олот ва воситаи меҳнат.
-
Мавҷуд будани ҷои корӣ, ки раванди кор иҷро мегардад.
-
Мавҷуд будани тартибот ва қоидаҳои дохили корхона.
-
Мавҷуд будани хоҳиши кор кардани одаме, ки ба кор қабул карда мешавад.
Ғайр аз ин, дар ҷараёни ташкили меҳнат инчунин зарур аст, ки шароити табиӣ, муҳофизати муҳити зист, анъанаҳои миллӣ ва хусусии коргарон, кордонӣ ва дараҷаи он ба ҳисоб гирифта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор