Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Давраи чорум - давраест, ки давраи иҷроиши корро тақозо дорад. Аллакай коллективи меҳнатӣ ташкил шудааст ва ҳар як аъзо вазифаҳои функционалии худро медонанд ва вобаста ба ин ба иҷрои он омода мегарданд.
Агар коллектив барои иҷрои кори давлатӣ ва вазифаҳои корхона равона шуда бошад, ташкили он дар ҳамин чор давра ба анҷом мерасад.
Вале, агар коллектив барои иҷрои мақсади алоҳида ташкил шуда бошад, он гоҳ давраи панҷум шурӯъ мешавад. Ин давра ба номи давраи барҳамдиҳӣ пайдо шуда, заруратеро пеш меорад, ки аъзои коллектив озод карда шаванд ва ё коллективҳои мақсадноки дигарро ба вуҷуд оранд.
Дар аксар ҳолатҳо ташкили коллективи аввала боис мегардад, ки шахсони алоҳида худашонро хуб нишон дода, ба корҳо, ё худ вазифаҳои баланд гузаронида шаванд. Дар баробари ин, бо дарназардошти натиҷаи кори коллективҳои гурӯҳӣ метавонанд миқдоран илова шуда, васеъ гарданд.
Дар коллективҳои меҳнатӣ ҷиҳати танзими тартибот қоидаҳое мавҷуданд, ки риояи онҳо барои ҳар як аъзои он ҳатмист. Дар ин мавқеъ, меъёрҳои зайлро бояд донист:
❖ мавқеъ ва мақоми ҳар як аъзои коллектив;
❖ меъёр ва қоидаҳои итоаткунӣ;
❖ системаи дараҷагӣ;
❖ миқдори коллектив;
❖ якдилии коллектив;
❖ идоракунии ҳолатҳои муноқишавӣ;
❖ муносибатҳои ғайрирасмӣ.
Дар баробари иҷрои вазифаҳо дар байни одамон муноқишаҳо пайдо мешаванд. Муноқиша асосан дар натиҷаи норозигии шахсони алоҳида ба вуҷуд меояд. Дар ҳар як коллективи меҳнатӣ се гурӯҳи муноқишаҳо аз ҳамдигар тафовут доранд:
- Муносибати маънавии муноқиша яъне муноқишан функционалӣ;
- Муноқишан дисфункционалӣ;
- Муноқишан алоқамандӣ.
Пиромуни ҳалли муноқишаҳо мо дар мавзӯъҳои дигар батафсил хоҳем истод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор