Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ташкили Шӯроҳои методии факултаҳо ва ё донишгоҳ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои методию таълимӣ барои менеҷменти корхона кӯмак мерасонад.

Коллектив ҳамон вақт имконоти худро пурра истифода мекунад, ки агар менеҷер кори онро пурра ба нақша гирифта, аз кори таъин ва ҷобаҷогузории кормандон то ба масъалаҳои хурди истеҳсолӣ пурра эътибор диҳад. Ҳамин тавр, вобаста ба шаклу намуди коллективи меҳнатӣ менеҷер бояд системи пурқуввати назоратии иҷрои корро доро бошад ва муносибати дилсӯзонаи ҳар як аъзои коллективро нисбат ба кор таъмин намояд.

Ҳар як гурӯҳи корӣ, ё худ коллектив ҷараёни инкишофро аз сар мегузаронад ва аксар маврид тағйир ёфта, дигаргун мешавад.

Ҷараёни ташкили коллективҳо асосан аз панҷ давра иборат мебошанд. Руҷӯъ шавад ба нақша:

I
Давраи
тайёрӣ

II
Давраи
ташкилӣ

III
Давраи
тартибот

IV
Давраи
зиддиятҳо

V
Давраи
иҷрои кор

VI
Давраи
таназзул

Давраи якуми пайдоиши коллектив ду раванд дорад:

  1. Одамон вобаста ба зарурияти хизматӣ ба коллективҳо муттаҳид мешаванд.

  2. Вобаста ба манфиат, ё худ бартарие, ки пайдо мекунанд, коллектив ташкил мекунанд.

Барои ҳамроҳ шудани одамон ба коллективҳои меҳнатӣ омилҳои зиёди таъсиррасон вуҷуд дорад (дар ин маврид руҷӯъ шавад ба расми 1).

пешина
аз 465
навбатӣ