Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ивазшавии технологӣ, таъминотӣ ва вобаста ба ин хароҷот;
имконоти дараҷавии инкишофи истеҳсолӣ;
бартарияти мавқеи ҷуғрофӣ;
тавсифи молтаъминкунандагон, кор бо истеъмолкунандаҳо.
3. Имконоти пешрафти илмию техникӣ:
мавҷудияти навоварӣ;
нишондиҳандаҳои литсензионӣ;
4. Дараҷаи донишмандӣ ва касбии роҳбарон ва роҳбарияти корхона.

  1. Интихоби истеъмолкунандаро хуб мешуд, ки аз рӯи усули ГМБ, ки дар мавзӯи гузашта пешниҳод шуда буд, таҳлил намоем. Аз рӯи системаи матритсавии ГМБ мавқеи ҳар як истеъмолкунанда дар бозор хеле хуб нишон дода шудааст.

  2. Дар вақти таҳлили стратегии маркетингӣ ташкилоти фармоишдиҳанда омилҳои зеринро бояд дар назар дошта бошад:
    хислатномаи ташкилоти фармоишдиҳанда, ҳаҷм, мавқеъ, ҷойгиршавӣ ва имиҷ;
    ҳолати молиявӣ, қобилияти қарзии он, шароитҳои ҳисоббаробаркунӣ ва ғайра;
    ҳаҷми талабот ба маҳсулоти корхона;
    гардиши даврӣ ва пурраи солонаи хариду фурӯши моли корхона;
    сохтори ташкилӣ-идоракунии корхона, системаи идоракунии он, мувофиқати он ба корхонаҳо, замонавӣ будани сохтори идоравӣ;
    сиёсати нархии корхона, нархе, ки корхона тайёр аст, молро харидорӣ намояд, таносуби ин нарх бо нархи бозор ва ғайра.

  3. Таҳлили бартарияти корхона дар рақобати бозор дорои чунин хусусиятҳост:
    корхона нисбат ба корхонаҳои рақиб чӣ хел дида мешавад, ҳаҷми таъминоти моли корхона дар бозори моли алоҳида чӣ гуна аст;
    инкишофи ояндаи корхона доир ба истеҳсоли моли дар бозорбудаи худ;
    ҳиссаи корхона дар гардиши даврии моли корхонаи фармоишдиҳанда;

пешина
аз 465
навбатӣ