Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
нигоҳ доштани шароити хуби фаъолияти корхона, зарур мебошад. Дар ин росто се шакли назорат ҷудо карда мешавад: назорати пешакӣ, ҷорӣ ва хулосавӣ.
Назорати пешакӣ қоида, қоида ва стратегияро бо худ дорад. Объэкти назорати пешакӣ асосан захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатӣ мебошанд.
Назорати ҷорӣ асосан байни сардор ва итоаткунандагон нисбат ба фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо назаррас аст.
Назорати хулосавӣ, ё худ натиҷавӣ баъди як давраи муайяни истеҳсолӣ ё худ пас аз ба анҷом расидани давраи корӣ гузаронида мешавад.
Ин шакли назорат аз се давра иборат мебошад:
-
Кор карда баромадани ченакҳо ва стандартҳо.
-
Муқоисаи нишондиҳандаҳо ва натиҷаи гирифташуда.
-
Иҷрои фаъолиятҳои батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозӣ.
Назорати самаранок, ё хуби менеджмент талаботи зеринро дар бар гирад:
❖ саривақтӣ будани назорат;
❖ қобилияти тағйир додани шароити фаъолиятро доштан;
❖ ба натиҷаи охирин равонашуда;
❖ дараҷаи баланди касбӣ доштан;
❖ сода ва сарфакорона будани назорат.
Дар қисматҳои ояндаи китоб мо дар алоҳидагӣ таркиб, тарз ва усулҳои иҷрои ин функцияҳои менеҷментро пурра дида мебароем.
12.2. Усулҳои иқтисодии ҳисоби хоҷагӣ ва
ҳавасмандкунии менеджмент
Агар мо мақсади мошин ва ё таҷҳизотро ба ҳаракат дароварданро дошта бошем, ба воситаи қувваи ҷисмонӣ таъсир расонидан ба механизм ин фаъолият нуқсон мегардад. Аммо чунин усули маҷбурии фаъолиятро дар идоракунии одамон истифода бурдан ғайрисамаранок мебошанд. Зеро одамон на ин ки иҷрои кор, балки боз хоҳиши иҷро кардан, мотиватсияи он ва малакаи махсус талаб мекунад.
Мақсади асосии ислоҳоти иқтисодӣ низ дар Тоҷикистон, гузаштан аз қоидаи маъмурӣ - фармондиҳӣ ба қоидаҳои иқтисодии идоракунӣ мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо